Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон, рӯзи 28-уми ноябр вориди Тоҷикистон шуд.
Сафари хонум Лолор то охири ҳафтаи оянда идома мекунад. Ин сафар дар пасманзари танқидҳо аз маҳдуд шудани озодиҳо дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Дафтари матбуоти Намояндагии СММ дар Тоҷикистон бо пахши хабарномае гуфт, “сафар имкон медиҳад, ки вазъи мудофеони ҳуқуқи инсон, нигарониҳо ва чолишҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар баррасӣ шавад.”
Мэри Лолор гуфтааст, диққати асосиро ба татбиқи Эъломияи мудофеони ҳуқуқи инсон ва санадҳои дигари ҳуқуқии байнулмилалӣ равона хоҳад кард.
“Ман, инчунин, тадбирҳои мавҷуда ва ба нақша гирифташударо вобаста ба ҳифзи мудофеони ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қонунгузорӣ ва сиёсатҳо; муҳити умумии бақайдгирӣ ва идоракунии созмонҳои ғайридавлатӣ; озодии баён, ҷамъомадҳои осоишта ва дастрасии ёрии ҳуқуқиро арзёбӣ хоҳам кард,” - гуфтааст Лолор.
Ба гуфтаи намояндагии Созмони Милал, Мэри Лолор бо намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, кормандони масъули СММ, аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, рӯзноманигорон мулоқот хоҳад кард.
Дар назар аст, гузоришгари вижаи СММ дар поёни сафари худ рӯзи 9-уми декабр нишасти хабарӣ баргузор кунад. Мэри Лолор аз натиҷаи сафари худ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш медиҳад.
Сафари гузоришгари Созмони Милал ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки танқидҳо аз маҳдуд шудани ҳуқуқи инсон зиёд аст. Имсол дар пасманзари амалиёти ҳукумати дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 рӯзноманигору блогер боздошт ва чанде аз онҳо барои солҳои дароз ба зиндон маҳкум шуданд.
Инчунин, чанд ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Манучеҳр Холиқназаров, роҳбари Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир ва ҳуқуқшинос Фаромуз Иргашев боздошт шуда, таҳқиқи парвандаашон идома дорад. Мақомот ҳамвора танқидҳоро дар бораи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар кишвар рад мекунанд.