Петро Колин, раиси ширкати давлатии “Энергоатом”-и Украина, рӯзи 27-уми ноябр гуфт, аломатҳое вуҷуд дорад, ки Русия омодаи тарки нерӯгоҳи азим ва атомии “Запорожйе” аст.
Нерӯҳои Русия онро моҳи марти имсол ва пас аз муддати кӯтоҳи ҳамла ба Украина ишғол карданд.
Ин ҳаракат як тағйироти бузурге дар ҷабҳаи ҷанг дар вилояти ҷанубушарқии Запорожйе хоҳад буд, ки бахше аз онро Русия зери назорат дорад.
Шилликҳои пайваста ба атрофи нерӯгоҳ нигарониҳо аз вуқӯи як фалокати атомиро дар нерӯгоҳ ба вуҷуд овардааст, ки бузургтарин нерӯгоҳи атомӣ дар Аврупо ба ҳисоб меравад.