Медали нуқраи Темур Раҳимов дар қаҳрамонии ҷудои Аврупо дар Гурҷистон

Темур Раҳимов қаҳрамони чандин мусобиқоти байналмилалӣ аст.

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Аврупо миёни бузургсолон, ки рӯзи 26-уми ноябр дар шаҳри Гории Гурҷистон баргузор шуд, дар ҳайати дастаи “Red Star”-и Сербия медали нуқра ба даст овард.

Дастаи “Red Star”, ки дар ҳайати он Темур Раҳимов ҳунарнамоӣ кард, ба финал роҳ ёфт, вале дар даври ниҳоӣ аз тими мизбон - “Fighter”-и Гурҷистон мағлуб шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Аврупо дар Гурҷистон (European Judo Championships - Champions League (W&M) 2022) ҳамагӣ 143 варзишгар (70 мард ва 73 зан) аз 25 кишвари чаҳор қораи олам иштирок кард.

Мусобиқа аз рӯ панҷ вазн миёни мардон (-66 кг, -73 кг, - 81 кг, - 90 кг, +90 кг) ва панҷ вазн миёни занон (-52 кг, -57 кг, - 63 кг, - 70 кг, +70 кг) сурат гирифт.

Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +90 кг қувваозмоӣ кард. Дар ин вазн 16 гуштигир аз 6 кишвар рақобат намуд, ки 8 нафарашон аз Гурҷистон, чаҳор нафар аз Фаронса, якнафарӣ аз Испания, Сербия, Тоҷикистон ва Юнон буданд.

Ёдовар мешавем, Темур Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Baku Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку - баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило медали тило ба даст овард. Ӯ дар таърихи ҷудои тоҷик аввалин варзишгарест, ки дар мусобиқоти "Grand Slam" соҳиби медали тило гардид. Барои ин дастовард паҳлавони 25-солаи тоҷик бо тӯҳфаи шаҳрдории Душанбе – хонаи дуҳуҷрагӣ - сарфароз гашт.

Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ шуд ва мавқеи пешсафиашро дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни +100 кг нигоҳ дошт.

Зимнан, ин медали чаҳоруми Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои байналмилалии «Grand Slam” дар соли 2022 буд. Ӯ имсол дар чунин мусобиқот дар Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб, Телавиви Исроил ва Анталияи Туркия медали биринҷӣ ба даст оварда буд.