Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Аврупо, ки рӯзи 26-уми ноябр дар шаҳри Гории Гурҷистон баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ӯ ягона варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар ин мусобиқа иштирок мекунад.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Аврупо дар Гурҷистон то ҳоло 161 варзишгар (77 мард ва 84 зан) аз 67 кишвари чаҳор қораи олам номнавис шудааст.
Мусобиқа аз рӯ панҷ вазн миёни мардон (-66 кг, -73 кг, - 81 кг, - 90 кг, +90 кг) ва панҷ вазн миёни занон (-52 кг, -57 кг, - 63 кг, - 70 кг, +70 кг) сурат мегирад.
Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +90 кг ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар ин вазн 18 гуштигир аз 6 кишвар рақобат мекунад, ки 8 нафарашон аз Гурҷистон, чаҳор нафар аз Фаронса, се нафар аз Юнон, якнафарӣ аз Испания, Сербия ва Тоҷикистон мебошанд.
Ёдовар мешавем, Темур Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Baku Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку - баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило медали тило ба даст овард. Ӯ дар таърихи ҷудои тоҷик аввалин варзишгарест, ки дар мусобиқоти "Grand Slam" соҳиби медали тило гардид.
Инчунин Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ шуд ва мавқеи пешсафиашро дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни +100 кг нигоҳ дошт.
Темур Раҳимов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ширкат дар ин мусобиқа омодагии хуб дида буд ва бовар дошт, ки ба ватан бо медали тило бармегардад. Вай афзуд, “қувваозмоии ман барои медали тило ба санаи 6-уми ноябр, яъне Рӯзи Сарқонуни Тоҷикистон, рост омад ва бароям хеле муҳим буд, ки дар ин сана медали тило ба даст орам. Ман наметавонистам бибозам, зеро медонистам, ки ҳама интизори ғолибияти ман буданд."
Зимнан, ин медали чаҳоруми Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои байналмилалии «Grand Slam” дар соли 2022 буд. Ӯ имсол дар чунин мусобиқот дар Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб, Телавиви Исроил ва Анталияи Туркия медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Гуфтугӯ