Раисҷумҳури Қазоқистон савганд ёд кард ва ваъдаҳои зиёд дод

Маросими савгандёдкунии президенти Қазоқистон - Қосимҷомарт Тоқаев. Остона, 26 ноябр

Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 26-уми ноябр бори дуввум ба ҳайси президенти Қазоқистон савганд ёд кард. Маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Қазоқистон дар Кохи истиқлоли шаҳри Остона баргузор шуд ва ӯ барои ҳафт соли оянда ваъдаҳо дод.

Қосимҷомарт Тоқаев дар ҳузури вакилон, намояндагони ҳукумат ва меҳмонони хориҷӣ аз ҷумла гуфт, “ба халқи Қазоқистон содиқона хидмат” ва қонунҳои кишварашро ҷиддан риоя хоҳад кард.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати президентии Қазоқистон рӯзи 20-уми ноябр баргузор шуд. Дар асл интихоботи президентӣ дар Қазоқистон бояд соли 2024 ва интихоботи порлумонӣ соли 2025 баргузор мешуд.

Кумисюни марказии интихоботии Қазоқистон рӯзи 22-юми ноябр эълон кард, ки Тоқаев 81,3 дарсад раъйи беш аз 8 миллион интихобкунандаро ба даст овардааст. Намояндагони мухолифин ва нозирони байналмиллалӣ тарзи баргузории интихоботро танқид кардаанд.

Мунтақидон панҷ номзади дигар, дар баробари Қосимҷомарт Тоқаевро рақиби сохта номидаанд. Маъмурияти Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА гуфт, интихобот "бидуни рақобат" ва гуногунандешии воқеӣ баргузор шуд.

Қосимҷомарт Тоқаев дар маросими савгандёдкунӣ гуфт, ки бояд тамоми маблағҳоеро, ки ба қавли ӯ ғайриқонунӣ ба берун бароварда шудаанд, ба кишвар баргардонад. Ӯ ваъда дод, ки "барои табдили Қазоқистон ба як кишвари пешрафтаи дорои ниҳодҳои воқеии демократӣ” талош хоҳад кард. Тоқаев ҳамчунин гуфт, Қазоқистон сиёсати ҳамаҷонибаи хориҷии худро бо кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА ва Иттиҳоду Аврупову Чин идома медиҳад.

Қосимҷомарт Тоқаев соли 2019 баъд аз истеъфои раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба қудрат расид.