"Вазнин ва нохушоянд". Дар Душанбе аз боздошту ҳабси хабарнигорон гуфтанд. ВИДЕО

Нишасти Шӯрои ВАО дар Душанбе, 25-уми ноябри 2022

"Агар соли гузашта барои талаф ёфтани чанд ҳамкасбамон аз бемории COVID-19 бо ҳасрат сухан гуфта бошем, имсолро бо зиндонӣ шудани 7 журналисти собиқ ва амалкунанда гусел мекунем." Рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода, ки барои як соли дигар раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд, рӯзи 25-уми ноябр дар нишасте дар Душанбе соли 2022-ро барои журналистони тоҷик "бениҳоят вазнин, пуртаҳаввулот ва нохушоянд" номид.

Дар ним сол дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва то ин дам чаҳор нафари онҳо зиндонӣ шуданд. Худашон бо ҳукм розӣ нестанду созмонҳои байнулмилалӣ маҳкум карданд. Вале ташкилоти ҳомии хабарнигорон дар Тоҷикистон бештар хомӯш монданд.

Ҳуринисо Ализода рӯзи ҷумъа гуфт, "мутаассифона, парвандаи журналистон зери муҳри махфӣ баррасӣ шуд ва мо аз он парвандаҳо хеле кам, гуфтан мумкин аст, умуман маълумот надорем. Аммо аз 7 то 10 сол ҷазо гирифтани онҳоро ҷомеаи журналистӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ хеле сангин арзёбӣ мекунанд. Шӯрои Воситаҳои Ахбори Омма низ ба ин андеша ҳамроҳ аст."

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шӯрои васоити ахбори омма кори яксолаашро ҷамъбаст кард. Ҳуринисо Ализода дар курсияш монд

Шӯрои ВАО созмони мустақили журналистист. Онро соли 2009 ташкил кардаанд. Дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ пайгирӣ мекунад.

Хонум Ализода ҳамзамон гуфт, дар пайванд ба боздошти хабарнигорон ҳамроҳи созмонҳои дигари журналистӣ муроҷиатномае қабул карда буданд, вале мушкилҳоеро ба бор овард. Дақиқ нагуфт, ки чӣ мушкилӣ. Изҳороти созмону нашрияҳое, ки Ҳуринисо Ализода дар назар дорад, 6-уми июни имсол, баъди ду рӯзи боздошту бозпурсӣ ва мушт хӯрдани рӯзноманигор Далери Имомалӣ нашру паҳн шуд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ

Муаллифони изҳорот он замон хоста буданд, ки фишору таҳдид ва таъқибу зарбулати хабарнигорон дар Тоҷикистон бас карда шавад, вале дар айни замон ба рӯзноманигорон тавсия доданд, “бо дарки манфиатҳои Тоҷикистон, авзои минтақа ва ҷаҳон” меъёри касбиву ахлоқиро риоя кунанд. Дертар баъзе аз имзокунандаҳо дар баёнияе навиштанд, ки имзои онҳо бе ризоят гузошта шудааст.

Раҳмоналӣ Шералиев, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар нишасти рӯзи 25-уми ноябр фазоро барои кори расонаҳо дар кишвар хуб арзёбӣ кард. Вай гуфт, "шароити мусоид ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам аст", аммо дар мавриди боздошту ҳукми хабарнигорон чизе нагуфт.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар ду моҳи охир чаҳор рӯзноманигори тоҷикро аз 7 то 10 сол зиндонӣ карданд. Муҳокимаи се нафари дигар идома дорад.

Мақомот хабарнигоронро ба расондани иттилои дурӯғу ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карда, ҷараёни тафтишу муҳокимаро пинҳон медоранд. Чизе, ки дар нишасти рӯзи 25-уми ноябр дар Душанбе низ зикр шуд. Ба қавли рӯзноманигор ва мунаққиди расонаҳо, Қироншоҳ Шарифзода, "ба толор роҳ надодани журналистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аллакай қарори Судро зери савол мебарад."

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ҳукми хабарнигоронро зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон номида, хоҳони раҳоии хабарнигорон шуданд. Мақомот посухе надоданд.