Twitter ҳафтаи оянда саҳифаҳои масдудшудаи корбаронро боз мекунад. Дар ин бора молики ширкат Илон Маск хабар дод. Ба гуфтаи вай, ин афв ба қонуншиканон ва паҳнкунандагони "спам" дахл надорад.
Рӯзи 20-уми ноябр Маск дастрасиро ба саҳифаи президенти пешини Амрико Доналд Трамп барқарор кард.
Саҳифаҳои Доналд Трамп дар Facebook, Instagram ва Twitter моҳи январи соли 2021 масдуд шуд.
Он замон ҷонибдорони Трамп, бо нишони эътироз зидди натиҷаҳои интихоботи президентӣ, бинои Капитолиро дар Вашингтон ғасб карданд. Баъди ин ҳодиса шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои Трампро бастанд. Маъмурони шабакаҳо гуфтанд, Трамп тавассути шабакаҳо ба бетартибӣ даъват мекунад.
Сарватманди амрикоӣ Илон Маск Twitter-ро рӯзи 28-уми октябри имсол ба 44 миллиард доллар харид.