Рӯзноманигор Ҳуринисо Ализодаро рӯзи 25-уми ноябр барои як соли дигар раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб карданд.
Ӯ як сол пеш дар ин мақом Бахтиёр Ҳамдам, сардабири “Минбари халқ”- ро иваз карда буд. Дар гузашта сардабири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" буд. Ба ҳайси муовини раиси Китобхонаи миллӣ ҳам кор кардааст.
Шӯрои ВАО созмони мустақили журналистист. Онро соли 2009 ташкил карданд. Дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ пайгирӣ мекунад.
Солҳои охир созмонро барои сукуташ дар баробари мушкили хабарнигорон, бахусус боздошту ҳабси тӯлонии онҳо танқид мекунанд.
Дар гузашта созмонро Иброҳим Усмонов, Зиннатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев ва Хуршеди Атовулло раҳбарӣ кардаанд.