Даҳҳо зану духтари афғонистонӣ рӯзи 24-уми ноябр дар Кобул эътироз карданд. Онҳо бо шиорҳое чун “Мо барои ҳуқуқи худ то охир мубориза мебарем ва таслим намешавем” ба хиёбон баромаданд.
Ба навиштаи хабаргузории «Арабнюс», аксар занони норозӣ сару рӯяшонро бо ниқоб пӯшондаву дар чашм айнак доштанд, то шинохта нашаванд.
Толибон бодиққат тазоҳуроти занонро мушоҳида мекарданду дар атрофи нозиён мошинҳои сохторҳои қудратӣ чарх мезаданд.
Бо расидани Толибон ба қудрат дар Афғонистон занон аз ҳаққи кор дар бисёре аз муассисаҳо маҳрум шуданд. Духтарон то синфи 6-ум иҷозаи таҳсил доранд.
Ба занон ҳамчунин сайругашт дар берун бе ҳамроҳии шавҳар ё бародар манъ аст. Толибон моҳи ноябр рафтани занонро ба боғу ҳамом ва толорҳои варзишӣ ҳам манъ карданд.
25-уми ноябр Рӯзи байнулмилалии мубориза алайҳи хушунати занон аст. Бино ба омори Созмони Милал, ҳар зани сеюм дар дунё озору азият мешавад ва зӯроварӣ нисбати занону духтарон аз ҳуқуқвайрокуниҳои маъмулӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон мемонад.