Порлумони Аврупо Русияро кишвари сармоягузори терроризм эътироф кард

Порлумони Аврупо.

Вакилони порлумони Аврупо рӯзи 23-юми ноябр қатъномаеро қабул карданд, ки Русияро кишвари сармоягузори терроризм эътироф мекунад. Вакилони аврупоӣ гуфтанд, барои ба додгоҳи байналмилалӣ кашидани президенти Русия Владимир Путин ва ҳукумати ӯ заминаҳоро омода мекунанд.

"Ҳамлаҳо ва ваҳшигариҳои муназзами Русия бар зидди аҳолии осоиштаи Украина, тахриби зербиноҳои ғайринизомӣ поймолкунии ҷиддии ҳуқуқи дигари байналмилалии башардӯстона бо амалҳои террористӣ алайҳи шаҳрвандони Украина баробар шуда, ҷиноятҳои ҷангиро ташкил медиҳанд", — омадааст дар қатънома.

Ҳамчунин гуфта шуда, ки Русия дар давраи ҷанг аз шеваҳои террористӣ истифода мекунад.

Вакилон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват карданд, ки пуштибонӣ аз таъсиси додгоҳи вижа барои таҷовузи Русия алайҳи Украинаро ташкил кунанд. Қабл аз овоздиҳӣ гуфта шуд, ки ин санад дар мавриди таъқиби президенти Русия Владимир Путин ва ҳукумати ӯ бояд як қадами навбатӣ бошад.

Қатъномаи мазкур кишварҳои аврупоиро ба амал водор намесозад ва он аҳамияти рамзӣ дорад.