"Барои кор рафта буд, на ҷанг." Русия ҷасади Эҳсон Аминзодаро ба наздиконаш дод

Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин)

Мақомоти Русия ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Эҳсон Аминзодаро, ки ба ҳамла ба тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, ба пайвандонаш додаанд. Вай рӯзи 15-уми октябри имсол кушта шуд.

Расонаҳои Русия навиштанд, Аминзода дар қатори нерӯҳои иловагӣ барои ҷангидан дар Украина омода мешуд. Наздиконаш бовар доранд, ӯ маҷбурӣ ба тамрингоҳ бурда шудааст.

Ду хешованди Эҳсон Аминзода дар Русия 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасадро ду рӯз пеш гирифтанд ва рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон мефиристанд.

Дар деҳаи Заргари ноҳияи Кушониён, зодгоҳи Эҳсон Аминзода, низ тасдиқ карданд, ки мунтазири расидани тобут ҳастанд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин) рӯзи 10-уми октябр дар назди метрои Люблинои Маскав "гум шуд" ва хабари маргаш 16-уми октябр расид.

Дар санадҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, дида мешавад, Эҳсон Аминзода ба сафи артиши Русия ҷалб шудааст.

Ӯ ҳафт моҳ пеш ба Русия рафта буд. Ба гуфтаи пайвандонаш ният дошт, кор кунаду бо духтари дӯстдоштааш оила барпо кунад, на инки ба артиш ё ҷанг биравад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Аъло мехонд", "шояд касе аз роҳ зад". Эҳсон Аминзода, "қаҳрамон"-и Белгород, кӣ буд? ВИДЕО

Расонаҳои Русия рӯзи 15-уми октябр аз қавли мақомоти ин кишвар навиштанд, дар тамрингоҳи Белгород тирпаронӣ шуд. Дар онҷо нерӯҳои иловагиро барои сафарбарӣ ба ҷанги Украина омода мекарданд.

Ба навиштаи матбуоти Русия, Эҳсон Аминзода бо як ҳамроҳаш гуё зимни таҳқири эҳсосоти динӣ ба ҳамяроқон ҳамла карда, 11 нафарро куштанд ва 15 каси дигарро захмӣ карданд.

Иттилое, ки пайвандонаш бо шубҳа менигаранд, вале айни замон барои таҳқиқи мустақилонаи он дасткӯтоҳанд.