Мақомоти Украина мегӯянд, аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар ин кишвар бештар аз 8300 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Андрей Костин, додситони кулли Украина рӯзи 20-уми ноябр гуфт, тақрибан 440 нафари онҳо кӯдак ҳастанд ва теъдоди маҷруҳон аз 11 ҳазор нафар ҳам мегузарад. Яке аз шаҳрҳои осебдида Херсон аст, ки Русия моҳи феврал гирифт, вале чанде пеш онро тарк кард.
Рустои Луч, воқеъ дар байни вилоятҳои Миколаев ва Херсон, аз рӯзи аввали ҷанг зери гулӯлаборони тӯпхонаҳои Русия монд. Ирина, сокини Луч, мегӯяд, “мо инҷо дар минтақаи ҷанг қарор дорем, моро сахт гулӯлаборон мекарданд. Вазъ аввалҳо тарснок буд, ҳоло андаке оромтар шудааст. Андаке."
Пеш аз 24-уми феврал дар ин русто 1000 нафар мезист. Ҳоло фақат 38 кас мондааст. Ирина яке онҳост ва мегӯяд, мушакҳои русӣ ду бор чанд қадам дуртар аз бинои онҳо бархӯрдаанд. Азбаски харобаҳо даромадгоҳу зинапояҳои биноро бастаанд, ночор дар таҳхона иқомат мекунад.
“Як мушак ба болои бом бархӯрд. Дувумӣ ба табақаи панҷум зад. Аз табақаи панҷум ба чаҳорум ва саввум гузашт. Сӯрохро худатон мебинед. Баъдан куҷое афтод. Мардум мегӯянд, ки натаркид, вале ман намедонам. Ман онҷо намеравам, чун метарсам,” – нақл кард Ирина.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рустои Лучро аз оғози ҷанг нерӯҳои Русия ҳар рӯз ва аз тарафи манотиқи ишғолкардаашон дар вилояти Херсон гулӯлаборон мекарданд. Имрӯз ҳеч бинои русто солим намондааст.
Галина, сокини Луч мегӯяд: “Вазъ бисёр пуршиддат аст. Пайваста пинҳон мешавем. Намедонед, мушак аз куҷо меояд. Шумо дидед, чӣ карданд. Ду рӯз пеш як гулӯла дар байни ду бино афтод, метавонам нишон диҳам. Ҳамаи тирезаҳо шикасту шишаҳо рехт. Айвонҳо рехтанд, ҳеч чиз намонд. Як маҳаллаи зебое доштем, ҳеч чизаш намонд.”
Пеш аз ҳама мактаби деҳаро задаанд. Дар натиҷаи бархӯрди даҳ мушак аз байн рафт.
Екатерина, сокини Луч: “Ин мактаби мост. Бисёр ғамангез аст, ки ҷаҳони русӣ чунин мусибатро ба сари мо овард. Инҷо толори варзишӣ буд. Вақте гулӯлаҳо афтоданд, тӯбҳо ҳамаҷо пароканда буд. Аз диданаш дилам хун шуд.”
Баъди озодии Херсон, бозгашти мардум ба рустои Луч оғоз шуд. Мардум якҷо саъй доранд, ба қадри тавони хеш онро бозсозӣ кунанд. Ба зимистон ҳам омода мешаванд ва барои эмин мондан аз сармо бому дару тирезаҳоро бо ҳар чизе, ки доранд, мепӯшонанд.