Масъулини ширкати "Брешно" таҳти контроли Толибон гуфтаанд, ки дар пайи коҳиши ҷараёни барқи Узбекистон, онҳо бо Тоҷикистон ва Туркманистон дар тамосанд ва талош доранд камбуди бебарқиро аз ҳисоби ин ду кишвар ҷуброн кунанд.
Мақомоти ин ширкат гуфтаанд, ки аз рӯзи якшанбеи гузашта Узбекистон мизони барқи содиротӣ ба Афғонистонро то нисф коҳиш додааст ва Тошканд мушкили техникӣ дар дастгоҳҳои тавлиди барқро ин кишварро сабаби коҳиши содироти барқ ба Афғонистон гуфтааст.
Ҳамакнун барқе, ки Афғонистон аз Узбекистон ворид мекард, аз 430 мегаватт ба 200 мегаватт коҳиш ёфтааст. Масъулини ширкати "Брешно" гуфтаанд, ки Узбекистон ваъда дода буд, ки то се рӯзи дигар ин мушкилро ҳал мекунад, аммо мушкил ҳамчунон идома дорад.
Дар пайи ин мушкил, ба навиштаи Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, ширкати "Брешно" бо Тоҷикистону Туркманистон барои ҷуброн кардани ин мушкил, дар тамос шудааст. Аз натиҷаҳои ин тамосҳо хабаре нашр нашудааст. Дар ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз гуфтугӯҳо дар ин замина, ибрози беиттилоӣ карданд.
Ин дар ҳоле аст, ки ширкати "Брешно"ҳафтаи гузашта хабар дод, ки шабакаи барқрасоии Кобул бо барқи воридотӣ аз Тоҷикистон васл шудааст. Радио ва телевизиони миллии зери назорати ҳукумати Толибон хабар додааст, ки ширкати "Брешно" дар ҳамкорӣ бо тими техникии ин кишвар тавонистааст, ки шабакаи барқрасонии Кобулро бо барқи воридории Тоҷикистон васл кунад.
Дар пайи қатъи барқи воридотӣ аз Узбекистон пойтахти Афғонистон ва чандин вилояти дигар бо камбуди барқ рӯбарӯ шудаанд. Вале ширкати "Брешно" афзудааст, ки бо васл шудани барқи воридотии Тоҷикистон, ҳоло барқи шумори зиёде аз вилоятҳои Афғонистон ба ҳолати оддӣ баргаштааст.
Дар гузашта ҳам барқи воридотӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Афғонистон борҳо қатъ гардида буд. Бо фаро расидани фасли сармо, ҳамасола Кобул ва шуморе аз вилоятҳо бо мушкили бебарқӣ рӯбарӯ мешаванд ва мардум аз ин бобат ҳамеша шикоят доранд.
Хабарҳо аз васл шудани шабакаҳои барқрасонии Кобул бо барқи воридотии Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки сокинони минтақаҳои рустоӣ дар худи Тоҷикистон аз моҳи октябр ба ин тараф ба таври маҳдуд барқ дастрас мекунанд.
Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" 12-уми октябри имсол дар эъломияе тасдиқ карда буданд, ки дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шудааст, вале онро на хости худашон, балки зарурат донистанд.
Он замон гуфта буданд, ҳарчанд обанбори "Норак" то нуқтаи охирин пур аст, эҳтимоли то баҳор нарасидани захираи об вуҷуд дорад. Ин вазъ, ба гуфтаи масъулон, имсол норасоии барқро "ба миқдори беш аз як миллиард киловатт-соат" ба миён овардааст.
Кобул яке аз харидорони асосии барқи Тоҷикистон аст. Дар шаш моҳи аввали имсол аз кишвар ба Афғонистон қариб 734 миллион киловат соат нерӯи барқ содирот шудааст. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 276 миллион киловат соат бештар аст.