Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо хулосаи нишастро бо вазирони ОМ эълон кард


Ҷозеп Боррел
Ҷозеп Боррел

Иттиҳоди Аврупо хулосаи нишастро бо вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, нашр кард. Нишаст рӯзи 17-уми ноябри имсол дар Самарқанд гузашт.

Ба иттилои Иттиҳоди Аврупо, дар мулоқот ҳалли мушкилҳое баррасӣ шудаанд, ки пас аз ҳамагири COVID-19, таҷовузи бедалели Русия ба Украина ва вазъи Афғонистон ба вуҷуд омада.

Бинобар эъломия, ки рӯзи 21-уми ноябр дастрас шуд, Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сутудааст.

Пеш аз сафари Боррел ба минтақа, баъзе аз созмонҳо, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ӯ хоста буданд, саркӯби эътирозгарони сулҳомез ва ҷанҷолҳои сарҳадиро дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, баррасӣ кунад. Маълум нест, оё дар ин маврид ҳам суҳбате шуда ё не.

Дар эъломияи Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, "уҳдадориҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба эҳтиром ва риояи ҳуқуқи байнулмилалӣ, истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳо" таъкид шуд.

Худи Ҷозеп Боррел гуфтааст, "муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ дар сӣ сол қавитар шуда". Вай афзудааст, "аз мулоқот дар Самарқанд бо эҳсоси хушбинона берун омадам ва мо якҷоя метавонем, дар шукуфоӣ ва суботу амнияти Осиёи Марказӣ ва Аврупо саҳм гузорем."

Иттиҳоди Аврупо аз оғози солҳои 90-ум бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ дорад ва дар ин муддат ба онҳо миллионҳо доллар додааст. Стратегияи нави Иттиҳод дар минтақа соли 2019 қабул шуд. Дар айни замон нақзи ҳуқуқи одамону озодии баён дар Осиёи Марказӣ боиси нигаронӣ дар Аврупо аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG