ИА тавассути Осиёи Марказӣ долонҳои нави ҳамлу нақл мекушояд

Ҷозеп Боррел

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ моиланд, ки бо канор гузоштани Русия, барои рушди долонҳои ҳамлу нақл ҳамкориро тақвият бахшанд.

Дар ин бора Жозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ дар як мақола изҳори назар кардааст.

Ба бовари Боррел, Осиёи Марказӣ кӯшиш дорад, муносибатҳои худро густариш диҳад ва ба Иттиҳоди Аврупо ҳамчун ба "шарики фоидаовар" назар мекунад. Иттиҳоди Аврупо низ манфиатдори тақвияти ҳамкорӣ бо минтақа ҳаст.

Боррел афзудааст, муносибатҳои хориҷӣ нозук ҳастанд. Аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бозори Аврупо ва бозорҳои ҷаҳонӣ танҳо тавассути Русия роҳ ёфтаанд. "Аммо вобастагии аз ҳад зиёд ва набудани интихоб пардохти худро дорад - дарси талхе дорад, ки мо онро аз худ кардем", - навиштааст Боррел.

Ӯ дар мақолааш аз долони Фарокаспий ёд кардааст, ки Чинро ба Аврупо мепайвандад.

Ин долон аз Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия мегузарад. Ба гуфтаи Боррел Бонки аврупоии тавсия ва рушд айни замон ба таҳияи асосноксозии техникиву иқтисодии долони мазкур машғул аст.

Ҷозеп Боррел навиштааст, Русия ва Чин дар Осиёи Марказӣ "нақши муҳим доштанду доранд". Аммо Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ "шарики асосии тиҷорӣ ва сармоягузорӣ шудааст". Ба гуфтаи вай, Иттиҳоди Аврупо дар 10 соли охир ба Осиёи Марказӣ бештар аз 100 млрд евро сармоягузорӣ кардааст, ки ин маблағ ба маротиб бештар аз саҳми Русияву Чин аст. Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, барои ин ҳадафҳо ба минтақа 300 млрд еврои дигар ҷудо кунад.