Дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) “Тоскулоҳи бузург” (Tokyo Grand Slam 2022), ки рӯзҳои 3-4-уми декабр дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – баргузор мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, “Тоскулоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 337 варзишгар (208 мард ва 129 зан) аз 67 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома меёбад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се нафар шомиланд: Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг).
Дар рӯзи аввали ин мусобиқоти байналмилалӣ - 3-юми декабр, ки дар ватани ҷудо баргузор мешавад, варзишгарон барои медалҳо дар се вазн миёни занон (-57, -63, -70 кг) ва дар се вазн байни мардон (-73, -81, -90 кг) мубориза мебаранд. Дар рӯзи дувуми мусобиқот – 4-уми декабр – занон дар чаҳор вазн (-48, -52, -78,+78 кг) ва мардон низ дар чаҳор вазн (-60, -66, -100, +100 кг) рақобат мекунанд.
Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ супурда мешавад:
барои ҷойи 1-ум: 5000 евро (варзишгар: 4000 евро, мураббӣ - 1000 евро)
барои ҷойи 2-юм: 3000 евро (варзишгар: 2400 евро, мураббӣ - 600 евро)
барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ (варзишгар: 1200 евро, мураббӣ – 300 евро).