Қазоқистон хулосаи нозирони САҲА-ро "муғризона" номид

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба хулосаи пешакии Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар бораи назорати интихоботи президентии он кишвар вокуниш кард.

Раҳбари ҳайати нозирони САҲА Урзула Гачек баъди ба поён расидани интихоботи президентии Қазоқистон рӯзи 21-уми ноябр гуфт, "маҳдудиятҳо дар озодии баён ва имкони баргузории ҷамъомадҳои осоишта фазои интиқодиро танг кардааст." Ҳайат ҳамчунин гуфта, ки интихобот бидуни рақобат гузашт.

Вазорат гуфтааст, "дар хулосаи дафтари САҲА норасоии воқеъбинӣ эҳсос мешавад ва ин муассир будани кори онро ҳамчун ниҳоди муҳими созмон, ки то ба ҳол аз ҷонибдории кишвари мо бархурдор буд, зери суол қарор медиҳад".

Ҳамчунин гуфта шуда, ки дар хулосаи дафтари САҲА "иттиҳомҳои тасдиқношуда" дарҷ шудааст. Ба гуфтаи масъулони вазорат, гуфтаҳои дафтари САҲА бо хулосаҳои маъмурияти созмонҳои бонуфузи байналмиллалии дигар, ки интихоботи президентии Қазоқистонро назорат кардаанд, мухолиф мебошад ва ин аз "муғризона" будани он дарак медиҳад.

Дар охири вокуниш гуфта шуда, ки "хулосаи муқаддамотии дафтари САҲА "аз мавҷуд набудани хоҳиши рушди ҳамкориҳои дарозмуддат ва созанда бо мақомоти Қазоқистон дарак медиҳад".