Пас аз афтодани мушак: Олмон ба Лаҳистон "Patriot" пешниҳод кард

Руминия. Акс аз бойгонӣ

Олмон барои ҳифзи ҳарими ҳавоии Лаҳистон (Полша) ба Варшава низоми зиддимушакии "Patriot"-ро пешниҳод кардааст. Дар ин бора вазири дифои Олмон Кристина Ламбрехт хабар дод.

Ҳафтаи гузашта Берлин барои таъмини амнияти ҳарими ҳавоии Лаҳистон ба Варшава ёрӣ пешниҳод карда буд. "Дар сурати хоҳиши Лаҳистон ҳавопаймоҳои ҷангии Eurofighter метавонанд, истифода шаванд," -- таъкид намуд намояндаи вазорати дифои Олмон.

"Барои ин, ҷангандаҳоро ба Лаҳистон фиристодан додан лозим нест, онҳо метавонанд, аз пойгоҳҳои нерӯҳои ҳавоии Олмон парвоз кунанд," -- илова кард ӯ.

Баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина кишварҳои узви НАТО ба таҳкими дифои ҳавоӣ дар Аврупои Шарқӣ сар карданд. Моҳи октябри имсол зиёда аз даҳ кишвари узви НАТО ба раҳбарии Олмон аз иқдоми якҷоя барои харидани низоми дифои ҳавоӣ, аз ҷумла "Patriot" хабар доданд.

Афтодани як мушак дар деҳаи Пржеводови Лаҳистон, ки боиси марги ду нафар шуд, рӯзи 15-уми ноябр ва замоне рӯй дод, ки неруҳои Русия бори дигар бо шиддат қаламрави Украинаро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор доданд.

Киев мегӯяд, мушакро Русия сар додааст. Русия ин иддаоро рад мекунад. Мақомоти Лаҳистон тахмин мезананд, ки шояд ин мушаки дифои ҳавоии Украина бошад.

Нахуствазири Лаҳистон Матеуш Мораветский дар суҳбат ба “Радиои Лаҳистон” гуфт, таҳқиқи афтодани мушак дар қаламрави кишвараш идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, навори дурбинҳои марзбонон, ки дар ихтиёри муфаттишон ҳаст, имкон намедиҳад, бо итминон гуфта шавад, ки мушак аз куҷо омадааст.