Сенат ё маҷлиси болоии порлумони Узбекистон созишномаро бо Қирғизистон дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи сарҳадӣ ва идораи якҷояи обанбори "Кампиробод" қабул кард.
Равшанбек Олимов, раиси кумитаи муносибатҳои байнулмилалии Узбекистон, ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, обанбори Кампиробод барои кишвараш иншооти стратегӣ асту созишномаи марзӣ ба баҳс бо Қирғизистон нуқта мегузорад.
Маҷлиси поёнии порлумони Узбекистон ин санадҳоро рӯзи 14-уми ноябр тасвиб карда буд.
Порлумони Қирғизистон низ рӯзи 17-уми ноябр санадҳои мазкурро пазируфт. Дар порлумони Қирғизистон 64 вакил ба ҷонибдорӣ ва 19 вакил зидди санадҳо баромаданд.
Дар Қирғизистон баъзе аз мухолифони ин санадҳоро бо гумони "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" боздошт карданд.