HRW аз кӯдаконе гуфт, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия мондаанд

Урдугоҳи "Ал-Ҳол", Сурия

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) Тоҷикистонро аз ҷумлаи кишварҳое донист, ки бахше аз шаҳрвандони худро аз Сурия баргардондаанд. Гузориши нав дар бораи вазъи занону кӯдакони ҷангҷӯён рӯзи 21-уми ноябр нашр шуд.

Муаллифон гуфтаанд, дар чаҳор соли охир тақрибан 30 кишвар бо ҳар роҳе тавонистанд, шаҳрвандони худ, аз ҷумла 1500 кӯдакро аз минтақаҳои шимолу шарқи Сурия баргардонанд.

Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон аз ҷумлаи кившарҳое номбар шудаанд, ки қисме аз занону кӯдаконашро аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия ба ватан овардаанд.

Дар урдугоҳҳои Сурия наздик ба 600 зану кӯдаки тоҷик ҳисоб шуда буд. Бори охир Тоҷикистон моҳи июли имсол зиёда аз 140 зану кӯдакро аз урдугоҳи «Ал-Ҳавл» дар вилояти Ҳасакаи Сурия баргардонд. Пеш аз ин 89 кӯдакро аз Ироқ оварда буданд. Даҳҳо зани тоҷик дар Ироқ ба зиндон маҳкум шуданд.

Дар гузориши нави Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ҳукуматҳо хоста шудааст, барои пурра мутобиқ шудани кӯдакони ҷангҷӯёни ДОИШ ба зиндагии маъмулӣ «тамоми шароитро фароҳам оранд» ва «то ҳадди имкон аз модарон ҷудо накунанд».

Бино ба гузориши созмон, онҳое, ки дар урдугоҳҳо мондаанд, аз ҷумла 1000 кӯдаки дигар, дар шароити хатарзо ҳастанд. Аз ҳукуматҳои ҷаҳон даъват шудааст, ки шаҳрвандони худ, бахусус занону кӯдакон ва маҳбусони осебпазиреро фавран баргардонанд.