Натиҷаҳои пешакии интихоботи президентиро дар Қазоқистон эълон карданд.
Бино ба арзёбии муқаддамотии Кумисюни марказии интихобот, президенти ҳозира Қосимҷомарт Тоқаев пешсаф аст. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ 81,31 дарсад ва ба "зидди ҳама" 5,8 дарсади иштирокдорони раъйпурсӣ овоз додаанд.
Панҷ рақиби Тоқаев, ки намояндагони мухолифон онҳоро "номзадҳои сохта" ва ё "ношинохта" медонанд, раъйи камтар гирифтаанд. "Дар умум, дар интихоботи рӯзи 20-уми ноябр 8,3 миллион нафар ё 69,44 дарсади сокинони ҳаққи раъй иштирок карданд," - гуфта шудааст дар эъломияи Кумисюн.
Аз он пеш натиҷаи се назарпурсӣ дар Қазоқистон низ раисҷумҳури ҳозира Қосимҷомарт Тоқаевро барандаи интихоботи пеш аз муҳлат шумурда буд.
Дар ҳамин ҳол, ҳайати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи 21-уми ноябр гуфт, интихоботи президентии Қазоқистон "дар муҳити сиёсии бидуни рақобат баргузор шуд". Нозирони САҲА ба зарурати ислоҳоти бештар дар Қазоқистон таъкид кардаанд.
Қосимҷомарт Тоқаеви 69-сола, ки соли 2019 ва пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев ба қудрат расид, талош дорад, худро шахси ислоҳотталаб нишон диҳад, аммо ӯ имкон надод, ки номзади ҳизбҳои мухолифи ҳукумат дар сабқати раёсатҷумҳурӣ ширкат кунанд.
Интихоботи президентии Қазоқистон рӯзи 20-уми ноябр ва дар пасманзари боздоштҳои фаъолон ва мухолифони ин кишвар баргузор шуд. Дар рӯзи интихобот низ дар шаҳри Алмаато полис эътирозгаронро боздошт кард.