Бозии нахустини мунтахабҳои футболи Русия ва Узбекистон

Мунтахаби футболи Русия.

Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи Узбекистон ва Русия 20-уми ноябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Тошканд бо ҳисоби мусовӣ ба поён расид.

Тими миллии футболи Русия ба далели ҳамлаи ин кишвар ба Украина аз ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 маҳрум аст.

Қарор буд, дастаи Русия дар ин рӯз бо мунтахаби Босния ва Гертсеговина бозӣ кунанд, вале Босния ба далели фишори мухлисон ва бархе аз бозигарон аз бозӣ даст кашид.

Бояд гуфт, бозии дӯстонаи 20-уми ноябр нахустин вохӯрии дастаҳои мунтахаби футболи Русия ва Узбекистон мебошад.

Қаблан дастаи мунтахаби Русия дар Бишкек дар бозии дӯстона мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, бозиро бо мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби баробар ба поён расонда буд.