Ронандагон дар шаҳри Ишқободи Туркманистон шикоят мекунанд, ки масъулони марказҳои муоинаи техникӣ аз гузаронидани муоинаи даврии техникии мошинҳои истеҳсоли 2001-ум худдорӣ мекунад.
Мақомот сабаби худдорӣ аз муоинаи техникиро ба "аз ҳад зиёд шудани мошинҳои куҳна дар бозорҳои Ишқобод" меноманд.
Як сокини Ишқобод, ки барои харидани мошин ба бозори пойтахти Туркманистон рафта буд, мегӯяд: “Бозори мошини Ишқобод пур аз мошинҳои истеҳсоли то соли 2001 аст”.
Ронандагони Ишқобод мегӯянд, талаби нав дар ҳоли ҳозир ба марказҳои муоинаи техникии вилоятҳо дахл надорад. "Дар вилоятҳо ҳанӯз ҳам имкони муоинаи техникии мошинҳои тавлиди соли 1990 вуҷуд дорад", - мегӯяд як фурӯшандаи мошин дар Туркманистон.
Ба гуфтаи сокинони вилоятҳои Туркманистон, ки барои харидани мошин ба Ишқобод рафтаанд, дар бозори мошинҳои пойтахти он кишвар дар ҳоли ҳозир асосан мошинҳои навъи "Toyota Camry" ва "Toyota Corolla", ки то соли 2001 истеҳсол шудаанд, пешниҳод мешавад.