Варшава гуфт, Лавровро ба Лаҳистон роҳ намедиҳад

Сергей Лавров дар Индонезия

Варшава ба Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, иҷоза нахоҳад дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Лаҳистон иштирок кунад.

Рихард Йозвяк, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Брюссел дар ин бора хабар дод. Вазорати корҳои хориҷии Русия дар баёнияе тасмимро "бесобиқа ва иғвоангез" номид.

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар аввали моҳи декабри имсол дар шаҳри Лодзи Лаҳистон (Полша) баргузор хоҳад шуд. Намояндагони Лаҳистон рӯзи 18-уми ноябр гуфтанд, ба мансабдорони зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо иҷоза нахоҳанд дод, ки дар ин маърака иштирок кунанд.

Лавров моҳи феврали имсол, пас аз таҷовузи мусаллаҳонаи Русия ба хоки Украина, ба рӯйхати таҳримҳо ворид шуд.

Лаҳистон имсол раёсати САҲА-ро ба дӯш дорад. Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, аз аъзои дигари созмон хост, рафтори Варшаваро арзёбӣ кунанд.

Пештар ин кишвар ба иштироки вакилони порлумони Русия дар иҷлосияи тирамоҳии САҲА дар Варшава монеъ шуда буд.

Моҳи ноябри имсол иштирокдорони нишасти "Гуруҳи 20" (G20) дар Индонезия ба сабаби будани Сергей Лавров аз гирифтани акси якҷоя парҳез карданд. Лавров ба ҷойи президент Владимир Путин ба нишаст рафта буд.