Интихоботи президентӣ дар Қазоқистон. Пеш аз муҳлат ва бе рақобати воқеӣ

Дар Қазоқистон, ки моҳи январи имсол шоҳиди эътирозҳои хушунатомез ва боздошту кушта шудани даҳҳо нафари норозӣ буд, интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ мегузарад.

Кумисюни марказии интихоботи он кишвар гуфт, рӯзи 20-уми ноябр беш аз даҳ ҳазор қитъаи овоздиҳӣ дар дохил ва ҳабдаҳ нуқтаи ройдиҳӣ дар хориҷ боз шуд. 12 миллион қазоқистонӣ ҳаққи интихоб доранд.

Пешбарии номзадҳо ба мақоми президенти Қазоқистон 23-юми сентябри имсол оғоз шуд ва то 11-уми октябр идома кард. Шаш нафар довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд.

Номзади асосӣ раисиҷумҳури 69-сола Қосимҷомарт Тоқаев гуфта мешавад. Панҷ номзади дигар "ношинохта"-анд.

Гуруҳе аз коршиносони қазоқ ва шореҳони байнулмилалӣ мегӯянд, интихобот бидуни рақобати воқеӣ мегузарад.

Интихоботи пеш аз муҳлат дар Қазоқистон пас аз тағйири Қонуни асосии он кишвар сурат мегирад. Бинобар ин тағйирот, муҳлати президентӣ дар Қазоқистон аз 5 то 7 сол дароз карда шуд, аммо як нафар як дафъа ҳаққи иштирок дорад.

Муҳлати президентии раисҷумҳури ҳозира, Қосимҷомарт Тоқаев, ба сифр баробар шудааст. Ӯ соли 2019 ва пас аз истеъфои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба қудрат расид.