Риши Сунак, нахуствазири Бритониё дар аввалин сафараш ба Киев рӯзи 19 ноябр гуфт, ки кишвараш ба Украина ба маблағи 50 миллион фунт стерлинг (баробар бо 59,5 миллион доллар) системаи дифои мушакӣ тақдим мекунад. Ба ин бастаи кӯмакҳо силоҳҳои зиддиҳавопаймо ва ҳам фанновариҳое дохил мешаванд, ки тавони муқовимат бо дронҳои сохти эрониро доранд.
Риши Сунак дар сафараш ба Киев бо президенти Украина Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ кард. Дар як изҳороте ӯ гуфт, “имрӯз бо системаи нави дифои ҳавоӣ, аз ҷумла, силоҳҳои зиддиҳавопаймоӣ, радар ва таҷҳизоти зиддидронӣ ироа мекунем. Инчунин дар остонаи зимистони сарду сангин ҳаҷми ёриҳои башардӯстонаро ҳам афзоиш медиҳем”.
Зеленский дар изҳороте дар Фейсбук навишт: “Аз рӯзи аввали ҷанг Украина ва Бритониё ҳампаймонҳои қавӣ мебошанд”. Ӯ гуфт: “Дар мулоқоти имрӯза мо муҳимтарин масъалаҳои ҳарду кишвар ва ҳам амнияти ҷаҳониро баррасӣ кардем”.