"Халиқ бонк" (Halyk Bank) ё Бонки халқии Қазоқистон эълон кардааст, ки саҳмияҳои бахши тоҷикистонии худро пурра мефурӯшад.
Сомонаии расмии бонк хабар додааст, ки муомилот дар бораи хариду фурӯши саҳмияҳои намояндагии "Халиқ бонк" дар Душанбе бо "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" дар моҳи декабр ба анҷом мерасад.
Ба иттилои манбаъ, "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" ҳамаи тавофуқҳои лозимиро ба даст овардааст. Манбаъ афзудааст, ки намояндагии бонк баъди ба анҷом расидани муомилот фаъолияти худро идома медиҳад.
Ҷузъиёти дигари ин муомилот ва арзиши саҳмияҳои намояндагии бонки қазоқӣ нашр нашудааст.
Намояндагии "Халиқ бонк" дар Тоҷикистон яке аз 15 бонк дар кишвар аст, ки тибқи маълумоти расмӣ 34 миллион сомонӣ сармояи оинномавӣ дорад. Ин бонки қазоқистонӣ аз соли 2008 корашро дар Тоҷикистон оғоз кардааст ва 2 шӯъбаву шаш маркази хидматрасониаш дар кишвар фаъол аст.
Се дарсади амонатҳои кулли бозори бонкии Тоҷикистон дар “Халиқ бонк” гузошта шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Бонки Қазоқистон қабули кортҳои низоми русии "Мир"-ро қатъ кард"Halyk Bank"-и Қазоқистон аз Тоҷикистон меравад ё мемонад? ВИДЕОHalyk Bank дар Тоҷикистон баста мешавад