Додситонии Қазоқистон аз сокинон хост, дар эътирозҳои рӯзи интихобот иштирок накунанд

Бинои Додситонии кулли Қазоқистон

Додситонии кулли Қазоқистон 18 ноябр бо нашри як баёния аз сокинони ин кишвар хостааст, ки 20 ноябр дар рӯзи интихоботи президентии ин кишвар дар “ҳамоишҳои ғайриқонунӣ” иштирок накунанд.

Дар изҳороти додситонӣ омадааст, "даъватҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои иштирок дар "тазоҳуроти ғайриқонунӣ" дар рӯзи 20 ноябри имсол аз ҷониби созмоне сурат мегиранд, ки бо қарори додгоҳ фаъолияти он мамнъ карда шудааст ва иштирок дар ин тазоҳурот ҳам манъ аст".

Додситонӣ таъкид кардааст, "ҳама гуна фаъолияти чунин созмонҳо, ки ҳадафашон терроризм ё ифротгароии хушунатомез аст, манъ мебошад".

Додситонии кулли Қазоқистон дар идома зикр карда, ки Кумитаи амнияти миллии ин кишвар рӯзи 17 ноябр "фаъолияти як гурӯҳи ҷиноии иборат аз 7 нафар"-ро ошкор кардааст.

"Дар робита ба ин, додситонӣ шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки ба иғвогарии созмонҳои манъшуда, шахсони марбут ба он бовар накунанд ва аз иштирок дар амалҳои ғайриқонунии онҳо худдорӣ карда, қонунро қатъиян риоя намоянд", - омадааст дар изҳорот.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон 17 ноябр аз боздошти 7 нафаре хабар дод, ки гӯиё барои "ташкили ошӯбҳои оммавӣ" дар рӯзи 20 ноябри соли равон дар ин кишвар омодагӣ медиданд.