Сафири нави Русия гуфтааст, дар Тоҷикистон, ба гуфтааш, мисли ҷумҳуриҳои дигари собиқи шӯравӣ “русофобия” ё эҳсоси бадбинӣ нисбати русҳо вуҷуд надорад ва ин кишвар “дӯсти Русия аст”.
Семён Григорев, сафири нави Русия дар Тоҷикистон, ки тоза ба кор шурӯъ кардааст, шоми 17-уми ноябр дар мулоқоти пеш аз бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия бо футболбозони ҳамватанаш вохӯрдааст.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук гуфтааст, “ба фарқ аз баъзе собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ, ки эҳсоси бадбинии русҳо авҷ мегирад, дар Тоҷикистон чунин нест”.
Эҳтимол, манзури сафири Русия эҳсоси манфиест, ки баъди шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина афзуд, вале маълум нест, ки назари ӯ дар бораи тоҷикистониҳо бар пояи чӣ аст.
Дар Тоҷикистон пурсишҳои афкори умум дар ин мавзӯъ барпо нашудааст ва онҳое ҳам, ки амали ҳукумати Русияро маҳкум мекунанд, кам нест.