Вазорати зербиноии Украина хабар дод, ки созишномаи содироти гандуми ин кишвар аз бандарҳои баҳри Сиёҳ барои 120 рӯзи дигар тамдид шуд.
"Ин тасмим дар Истамбул гирифта шуд. СММ ва Туркия кафили ташаббус боқӣ мемонанд", - омадааст дар изҳороти вазорат. Вазири зербиноии Украина Александр Кубраков дар "Твиттер" навишта, ки "вазири дифои Туркия дар муборизаҳои ҷаҳонӣ бо буҳрони ғизоӣ боз як қадами муҳиме гузошт".
Қаблан СММ аз ширкатдорони ҷараёни содироти гандум аз Украина хоста буд, ки ин созишномаро нав ва тамдид кунанд. Мӯҳлати созишномае, ки барои 120 рӯз имзо шуда буд, 19-уми ноябр ба анҷом мерасад.
Рӯзи 22-уми июл Русияву Украина бо миёнаравии СММ ва Туркия барои берун кардани маҳсулоти кишоварзӣ аз соҳилҳои Одесса, Черноморск ва Южний созишнома имзо карданд ва аз он замон то кунун 9 миллиард тонна гандум ва зироат аз хоки Украина берун бароварда шуд.