Мудири бузургтарин Маркази муолиҷаи нашъамандон дар Кобул мегӯяд, ки онҳо барои 1000 бемори марказ, ғизову доруворӣ ва либосу дигар маводи зарурии кофӣ надоранд.
Самар яке аз онҳоест, ки дар марказ муолиҷа мегирад. Ӯ мегӯяд: “Ғизояш андаке кам аст, бисёре аз маризҳо аз ғизо шикоят доранд. Масалан нон мехӯранд, сер намешаванд. Баъзеҳо аз берун ғизо ва ё нос мегиранд.”
Дар маркази бузург ҳар бемор 45 рӯз муолиҷа мегирад. Раиси марказ Абдулнозир Мунқод эътироф мекунад, ки муолиҷаву нигоҳубини беморон муносиб нест: “Мо ҳоло 1000 бемор дорем ва шояд теъдодашон дар зимистон зиёдтар шавад. Дар масъалаи таъмини онҳо бо ғизо, дору ва либос мушкил дорем. Умедворем ин мушкилотро ҳал мекунем.”
Ба гуфтаи фаъолон, Толибон мунтазам, нашъамандонро ҷамъ карда ба зӯр барои муолиҷа ба марказҳои дармонии пур аз бемор ва ё зиндон мебаранд. Бисёре аз чунин марказҳо дар Афғонистон, ки бо кумаки муассисаҳои байналмилалии молӣ кор мекарданд, баъди омадани Толибон ба қудрат дар августи соли 2001 баста шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нуралӣ падари чаҳор фарзанд аз вилояти Лағмон 12 сол боз нашъаманд аст. Муҳандиси барқ аст, вале мегӯяд, кор ёфта наметавонад: “Вазъи иқтисодиамон бисёр бад аст. Шабҳо ҳам гурусна хоб мекунем. Ҳеч чизе барои хӯрдан надорем. Дарди зиёд аст. Сахт кӯшиш дорам, тарк кунам, наметавонам. Дардаш зиёд аст. Ба занам гуфтам, ки як занҷир биёр, мана ҳаминҷо қулф кун. Ман аз шифохона метарсам, мегӯям, ки онҷо баранд, лат накунанд, назананд.”
Ҳамсараш мегӯяд, баъди издивоҷ бо ӯ дар зиндагӣ як рӯзи хуше надидааст: “Зимистон дар роҳ аст, вале мо ҳеч чиз надорем. Аз дарду ранҷ ҷигархунам. Ҳеч даромаде надорем. Бачаҳоям хурд ҳастанд, ки кор кунанд. Баъзан аз кӯчаҳо коғазу пластик ҷамъ оварда мефурӯшанд, вале кӯдакони калонтар озорашон медиҳанд ва гашта ба хона меоянд. Ману бачаҳо ҷигархун ҳастем.”
Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст. Тахмин мешавад, ки 3.5 миллион нафар аз мардум ва ё тақрибан 10 дар сади аҳолии ҳамсоякишвари Тоҷикистон муътоди маводи мухаддир ва ё нашъаманд ҳастанд.