Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашъамандон дар Афғонистон пулисро ба сӯистифода аз кори маҷбурӣ муттаҳам карданд.ВИДЕО


Нозирон як муътоди маводи мухаддирро дар Кобул барои муолиҷа сафарбар мекунанд
Нозирон як муътоди маводи мухаддирро дар Кобул барои муолиҷа сафарбар мекунанд

Гуруҳе аз нашъамандон дар шаҳри Фараҳи Афғонистон мегӯянд, ки маъмурони пулис онҳоро ғайриқонунӣ кор мефармоянд ва бар илова мезананду бадрафторӣ мекунанд.

Залмай 3 сол боз муътоди маводи мухаддир аст. Шабу рӯзашро рӯйи ҷодаҳо ё дар вайронаҳои қалъаи Фарайдуни маркази вилояти Фараҳ сипарӣ мекунад. Мегӯяд, аз сӯи пулис маҷбуран ба корҳои мухталиф ҷалб мешавад. Аммо дар иваз барояш пуле намедиҳанд.

‘’Давлат меояд, чор-панҷ ҷавона бурда мезанад. Пеши чашми мардум зери лағат мегирад, то шом кор мефармояд.’’

Вайронаҳои қалъаи Фарайдун дар маркази шаҳри Фараҳ, яке аз марказҳои аслии таҷаммуи муътодон аст. Дар ин ҷо нашъамандони оворагард ва бехонумон зиндагӣ мекунанд. Муҳаммадҳошими 36 сола яке аз онҳост. Панҷ фарзанд дорад, вале моҳҳост ба хона нарафтааст ва аз ҳоли онҳо хабаре надорад. Ӯ мегӯяд, ‘’ҳамаро базӯр омада мебарад саркор. Ду – се рӯз кор мекунем, вале ҳеҷ чиз намедиҳанд.’’

Гурӯҳе аз нашъамандон пулиси Фараҳро ба ҷиноят муттаҳам мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Ба гуфтаи гурӯҳе аз ин муътодон пулис онҳоро аксаран дар дохили биноҳои низомӣ ва дур аз чашми мардуму хабарнигорон маҷбуран кор мефармоянд. Масъулини Раёсати кор ва умури иҷтимоии вилояти Фараҳ низ таъйид мекунад, ки пулис аз муътодон ба ҳайси нерӯйи ройгони корӣ истифода мекунад.

‘’Муътодини маводи мухаддир ё афроди коргар тавассути пулис ё бахшҳои дигар истифода бурда мешаванд ва ба онҳо музде дода намешавад. Мо қонуни кор дорем, ки афрод мутобиқи коре, ки анҷом медиҳад, бояд музд дарёфт кунанд.’’

Аммо Муҳибулло Муҳиб сухангӯи пулиси Фараҳ гуфт, шикояти нашъамандон бепоя аст.

‘’Муътодони маводи мухаддир иддао кардаанд, ки гӯиё пулис онҳоро ба зӯр бурда кор мефармоянд. Мо ин иддаоро комилан рад мекунем’’,-- иброз дошт ӯ.

Дар Фараҳ, вилояте дар ғарби Афғонистон ва бо тақрибан як миллион аҳолӣ ҳудуди 50 ҳазор нафар муътод ба сар мебарад. Пулис мегӯяд, дар соли равон 700 нафари онҳоро ба марказҳои муолиҷавии муътодон интиқол додааст. Аммо ҳанӯз ҳам, садҳо нашъаманд рӯзҳои сарди зимистонро дар харобазорҳои шаҳри Фараҳ сипарӣ мекунад ва ҳар рӯз бо навъҳои мухталифӣ бадрафторӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG