Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг бар ин назар аст, ки ҷанги Русия ва Украина бо гуфтугӯҳои сулҳ хотима меёбад, вале тасмими қатъи даргириҳо бояд дуҷониба бошад.
"Ҳамаи мо сулҳ ва ҳалли тавофуқшудаи низоъро мехоҳем. Аммо ҳамзамон бояд дарк кунем, ки агар Русия ва президент Владимир Путин ҷангро қатъ кунанд, Украина ҳам қатъ хоҳад кард", - гуфтааст ӯ дар суҳбат бо Би-би-сӣ.
Аммо мақомоти Украина бо ин мавқеъ розӣ нестанд. Ба назари Киев, қатъи даргириҳо ва оғози музокироти сулҳ боиси сар задани низои нав хоҳад шуд. Зеро он ба Русия муҳлати заруриро фароҳам мекунад, то неруи худро барқарор ва ҳамларо аз марзҳои нав такрор кунад.
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский исрор дорад, ки гуфтугӯ бо Маскав танҳо пас бурунрафти комили нерӯҳои Русия аз қаламравҳои ишғолшуда ва кафолати такрор нашудани ҳодиса имконпазир аст.