Як генерали баландмақоми Амрико рӯзи 16-уми ноябр гуфт, шанси онки Украина ба ин наздикиҳо дар ҷанг бо Русия пирӯз шавад, зиёд нест, магар ин ки, ба гуфтаи ӯ, артиши Русия аз ҳам пошад. Сенарияе, ки ба қавли генерал Марк Милли ғолибан сурат нахоҳад гирифт.
Марк Милли, ки сардори Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико аст, дар Вашингтон гуфт, ҳарчанд нерӯҳои Украина дар Харков ва Херсон дастовардҳои муҳиме доштаанд, Русия ҳамчунон 20 дарсади қаламрави Украинаро дар даст дорад ва нерӯи ҷангиаш дар дохили ин кишвар чашмгир аст.
Милли афзуд: “Вазифаи низомии берун рондани русҳо аз Украина кори бисёр душвор аст ва дар чанд ҳафтаи наздик иттифоқ нахоҳад афтод. “
Генерали амрикоӣ дар ин бора ҳангоми нишасти муштараки хабарӣ бо Лойд Остин, вазири дифои Амрико, дар Пентагон сухан гуфт.
Ӯ гуфт, роҳи ҳалли сиёсии муноқиша, аз ҷумла берун кашидани неруҳои Русия имконпазир аст ва агар Маскав бихоҳад, метавонад, ҳамин ҳоло ба ҷанг поён диҳад, вале ин ниятро надорад.