Байден аз Конгресс барои Украина 37,7 миллиард доллар хост

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.

Ҷо Байден, президенти Амрико, аз Конгресс ё порлумони кишвараш барои мадад ба Украина 37 миллиарду 700 миллион доллар дархост кард. 21 миллиард доллари дархостшуда ба харидани аслиҳа барои артиши Украина равона хоҳад шуд.

Ҳудуди 6 моҳ пеш Конгресси Иёлоти Муттаҳида барои Украина 40 миллиард доллар ҷудо карда буд.

Ба иттилои намояндагони ҳукумати Байден, 18 миллиард доллари он кӯмак барои муҳимоти ҷангии Украина ҷудо шуда буд. Дархости охир дар бораи 37 миллиарду 700 миллион доллар бояд аз сӯи ҳайати кунунии Конгресси ИМА баррасӣ шавад. ки Демократҳо дар ин конгресс аксарият ҳастанд.

Рӯзи 3 январи соли 2023 ҳайати нави Конгресс сари кор меояд, ки ба эҳтимоли зиёд палатаи поёнии он аксарият ба Ҷумҳурихоҳон тааллуқ хоҳад гирифт. Қисме аз Ҷумҳурихоҳон ба кӯмаки густарда ба Украина бо шубҳа менигаранд.