Дар ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон маҳаллае аст ба номи Фирдавсӣ, ки дар он асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Гузаштагони онҳо 90 сол пеш аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи Тоҷикистон ба Қазоқистон кӯчидаанд.
Дар аввал 4 хонавода буданд, вале ҳоло дар ин маҳалла беш аз 500 хонаводаи тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки зиндагии тоҷикон дар Қазоқистон назар ба Тоҷикистон беҳтар аст, аммо дар онҷо низ маҳдудиятҳои сиёсӣ ва динӣ ҳаст.
“Давлат ба мо 50 дарсад кӯмак мекунад”
Шуғли аксари тоҷикон дар маҳаллаи Фирдавсӣ кишоварзӣ аст. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ заминҳои кишоварзиро ба мардум тақсим карданд. Ҳоло ҳар як хонавода аз 4 то 10 гектар замин дорад. Тоҷикон дар ин заминҳо асосан пахта ва харбуза мекоранд. Мегӯянд, дар кишти ҳар навъ зироат озоданд ва давлат дар наздашон нақша намегузорад. Шароити кори кишоварзон дар инҷо тақрибан мисли Тоҷикистон аст.
Тилло Файзиев, раиси маҳаллаи Фирдавсӣ ва кишоварзи собиқадор мегӯяд, об, сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва дигар чизҳои лозими барои заминро худи деҳқонон мехаранд. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кишоварзон дар Қазоқистон аз тарафи давлат кӯмак ва ё субсидия дарёфт мекунанд.
“Агар як литр сӯзишворӣ дар бозор 400 танга бошад, давлат ба мо 200 танга субсидия медиҳад. Ҳаминхел дар вақти харидани нуриҳои минералӣ ҳам 50 дарсад субсидия дода мешавад. Дар масъалаи андоз мо солона барои як гектар замин 1700-1800 танга месупорем. Ин бо пули Тоҷикистон 37-38 сомонӣ мешавад. Кадом навъи зироатро, ки кишт накунем ҳамин қадар андоз медиҳем,”-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сарфи назар аз ин сабукиҳо кишоварзон дар Қазоқистон мушкилот ҳам доранд. Ба далели камбуди мошинҳои пахтачинӣ, бархе аз кишоварзон ҳатто то 25-уми октябр чиниши аввали пахтаро анҷом надода буданд. Дар Тоҷикистон то ин дам 2-3 маротиба пахтаро мечинанд. Мушкили дигари кишоварзон дар инҷо шӯразамин будани аксар заминҳо аст. Сокинони деҳа мегӯянд, аз ҳар гектар то 30 сентр пахта мегиранд.
100 сомонӣ андози мағоза дар 3 моҳ
Тоҷирони тоҷик дар маҳаллаи Фирдавсии Қазоқистон мегӯянд, шароити корашон назар ба Тоҷикистон беҳтар аст. Маҳадзамон Мирзоев мағозаи хӯрокворӣ дорад ва дар 3 моҳ як маротиба ба ҳисоби пули Тоҷикистон 100 сомонӣ андоз месупорад. Дар Қазоқистон ҳам тафтиш ва баъзе маҳдудиятҳо ҳаст.
Маҳадзамон Мирзоев гуфт, “кормандони андоз, сӯхтор, идораи санитарию эпидемиологи меоянд. Тибқи қоидаҳои Қазоқистон соҳибкор наметавонад аз 20 дарсад зиёд дар болои маҳсулот фойидаи худро гузорад.”
Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки нархи маҳсулот дар Қазоқистон назар ба Тоҷикистон арзонтар аст. Аз ҷумла 5 литр равғани пахта агар дар Қазоқистон бо пули Тоҷикистон 80 сомонӣ аст. Дар ҳоле, ки ин миқдор равған дар Тоҷикистон беш аз 120 сомонӣ арзиш дорад.
Зиндагии беҳтар, аммо бо маҳдудиятҳо
Ҷавонони деҳаи Фирдавсӣ тақрибан, ки ба муҳоҷират намераванд. Бархе онҳо ба кори сиёҳ машғуланд, аммо дар деҳаи худашон. Аз ҷумла Абдуҳамид Тоқсаев ва дустонашон аз субҳи барвақт то нимарӯз қариб 1,5 ҳазор хишт мерезанд. Ҳар яки инҳо моҳона то 400-500 доллар ба даст меоранд. Ин маблағ баробар ба маоши як омӯзгор дар Қазоқистон аст.
Тоқсаев мегӯяд, ҷавонони деҳа асосан дар сохтмон, замини пахта ва харбуза кор мекунанд. “Аз инҷо ба Русия намераванд,”-мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.
Сокинони деҳа бо хешовандони худ дар Тоҷикистон равобити наздик доранд. Мегӯянд, зиндагии онҳо аз чанд ҷиҳат беҳтар аз Тоҷикистон аст. Аз ҷумла инки сокинон дар маҳаллаи Фирдавсӣ бо газ, об ва барқ таъминанду роҳҳои деҳа мумфарш аст. Аммо дар масъалаи озодиҳои сиёсӣ ва динӣ инҷо низ шабоҳатҳое бо Тоҷикистон дорад.
Дар Қазоқистон низ мисли Тоҷикистон духтарон бо ҳиҷоб ба мактаб рафта наметавонанд. Интихоботҳо дар Қазоқистон тақрибан монанди Тоҷикистон мегузаранд, бо натиҷаҳое ки бисёриҳоро ба ҳайрат намегузорад.