Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хоҳаронам пинҳонӣ меомаданд." Зиндагии як хонаводаи тоҷик дар Қазоқистон. ВИДЕО


Шоҳраҷаб Холов ва Марҷона Қантураева
Шоҳраҷаб Холов ва Марҷона Қантураева

Дар як деҳаи тоҷикнишини ноҳияи Ҷеттисойи Қазоқистон як марди тоҷик ва зани қазоқ суннатҳои роиҷро шикаста, оила барпо карданд. Дар маҳаллаи Фирдавсӣ издивоҷ бо намояндагони миллати дигар кори осон нест. Ҷуфте, ки тавонистаанд, қолабшиканӣ кунанд, ин пайванди худро намунаи дӯстии ду халқ медонанд.

Шоҳраҷаб Холов аз Тоҷикистон ва Марҷона Қантураева аз Қазоқистон тақрибан чиҳил сол боз бо ҳам дар маҳаллаи Фирдавсии Қазоқистон зиндагӣ зиндагӣ доранд.

Ҳарчанд ишқи онҳо ба ҳамдигар қавӣ буд, оғози зиндагии якҷоя ба сахтиҳо печид. Волидони Марҷона издивоҷи ӯро бо як ҷавони тоҷик қабул надоштанд.

Ишқ кори худро кард. Марҷона Қантураева аз хонаводаи худ даст кашид ва аз Шоҳраҷаб хост, барои зиндагии якҷояи оянда аз як усули ғайримаъмул истифода барад.

“Мо соли 1988 вохӯрдем. Тақдир будааст, дӯст доштем. Аввал оиладор шудем, баъд падару модарашро хабардор кардем,” – нақл кард Шоҳраҷаб Холов.

Шоҳраҷаб Холов
Шоҳраҷаб Холов

Ранҷу азоби ин оила се сол идома кард. Наздикони Марҷона Қантураева дар ин муддат аз ӯ рӯ тофтанд.

“Бисёр азоб кашидам. Падарам баъди 3-4 сол омад. Фақат хоҳаронам пинҳонӣ меомаданд, падару модарам намеомаданд. Модарам ба хонаи ман наомада даргузашт,” – ба ёд овард Марҷона Қантураева.

Рӯ тофтани волидон як тараф, надонистани забони тоҷикӣ барои Марҷона Қантураева азоби дигар буд. Ҳоло ӯ забони тоҷикиро бо лаҳҷааш ёд гирифтааст.

“Дар аввал ҳеч чиз намефаҳмидам. Ба даҳонашон нигоҳ карда менишастам. Дертар ёд гирифтам. Инҳо узбекиро ҳам намедонистанд. Он вақт ҳама тоҷикӣ гап мезад,” – гуфт Марҷона Қантураева.

Марҷона Қантураева
Марҷона Қантураева

Волидони Шоҳраҷаб Холов солҳои 50-ум аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи Тоҷикистон ба Қазоқистон кӯчиданд. Ҳамсараш аз ҳамсоядеҳа буд. Миёни тоҷикон ва ҳам қазоқҳо издивоҷ бо хориҷиҳо маъмул набуд. Бахусус дар миёни бошандагони рустоҳо.

Шоҳраҷаб Холов ва Марҷона Қантураева мегӯянд, зиёд шудани оилаҳое ба мисли онҳо метавонад, дӯстии тоҷикону қазоқҳоро қавӣ кунад. Мухолифони ин назар ҳам ҳастанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ишқи Маҷнуни тоҷик ва Лайлии қазоқ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG