НАТО гуфт, масъулияти таркиш дар Полша ба дӯши Русия аст

Таркиш дар Лаҳистон (Полша)

Мақомоти НАТО гуфтанд, таркиш дар қаламрави Полша, ки ду нафарро кушт, зоҳиран бар асари кори тасодуфии системаи дифоии Украина будааст. Йенс Столтенберг, дабири кулли ин паймони низомӣ рӯзи 16-уми ноябр дар ин бора пас аз нишасти намояндагони кишварҳои узв дар Брюссел хабар дод.

Ӯ гуфт, дар ниҳояти амр масъулияти ин таркиш дар гардани Русия аст, ки ҷанги ғайриқонуниро ба зидди Украина идома медиҳад.

Дирӯз дар натиҷаи суқути мушак дар як деҳа дар шарқи Лаҳистон ду нафар кушта шудаанд. Мақомоти Киев дар ин таркиш Русияро муттаҳам карданд, вале Маскав гуфт, иддао беасос аст.

Ин таркиш нигарониҳои ҷаҳониро дар замина эҳтимоли ба кишварҳои ҳамсояи Украина тавсеа ёфтани низоъ ба вуҷуд овард. Украина Русияро гунаҳгор кардааст.

Имрӯз фиристодаҳои 30 кишвари узви НАТО дар Брюссел дар ҷаласаи изтирорие ин ҳодисаро баррасӣ карданд. Ҷаласа бо тақозои мақомоти Полша - як узви НАТО баргузор шудааст. Варшава гуфтааст, мушаки афтода истеҳсоли Русия мебошад.

Вазорати корҳои хориҷии Полша гуфт, ки мушаки сохтаи Русия дар ҳудуди деҳаи Рджеводов дар шарқи ин кишвар афтод, ки дар шашкилометрии марзи Украина ҷойгир аст. Дар натиҷаи ин ҳодиса, ки шоми 15-уми ноябр дар паи мушакандозиҳои бисёр зиёди Русия ба самти Украина рӯй дод, ду нафар кушта шуд.

Русия ба хоки Полша расидани мушакашро рад кард ва гуфт, ки ин як “иғвои махсус” ташкилшуда ба хотири бадтар кардани вазъият мебошад.

РИА Новости бо такя ба Вазорати дифои Русия рӯзи 16 ноябр гуфт, ки ҳамлаҳои як рӯз пеши он ба хоки Украина дар фосилаи ҳадди аксар 35-км роҳ аз сарҳади Полша сурат гирифт.

Байден субҳи 16-уми ноябр бо ишора ба самти ҳаракати мушак гуфт, ки “гумон аст” он аз Русия партоб шуда бошад. Байден, ки аз ҳошияи ҷаласаи сарони Гурӯҳи 20-гона дар Индонезӣ сӯҳбат мекард, гуфт, таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса шурӯъ шудааст ва ИМА аз он пуштибонӣ мекунад.

Ҷаласаи изтирорӣ бар асоси моддаи 4-и оинномаи паймони низомии НАТО даъват шудааст, ки мегӯяд, дар сурати муроҷиати як узви ин созмон бо нигаронӣ аз хатар “ба тамомияти арзӣ, истиқлолияти сиёсӣ ё амнияташ” тамоми кишварҳои узв ҷаласа барпо мекунанд.

Президенти Украина Володимир Зеленский гуфт, ки мушаки Русия ба хоки Полша асобат кард ва ин “намунаи тавсеаи қобили мулоҳизаи” низоъ аст. Анджей Дуда, президенти Лаҳистон (Полша) ба журналистон гуфт, ки “ба эҳтимоли ғолиб як мушаки Русия” буд, вале ҳанӯз ҳеҷ далели қотее дар заминаи ин ки онро кӣ партоб кардааст, дар даст нест.

Нахуствазири Бритониё Риши Сунак, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон - раҳбарони кишварҳои узви НАТО пуштибониву ҳамраъйии худро бо Полша баён карданд.