Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва фарзанди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як мақолае дар бораи падараш ӯро “абармарди дунёи сиёсат” номида, гуфтааст, ба шарофати ӯ “давлати тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт”
Манзури ӯ сулҳи Тоҷикистон пас аз ҷанги дохилии солҳои 1992-97 аст, аммо тарафи дигари ин сулҳ, неруҳои оппозитсияи тоҷик таҳти сарварии Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар чунин маврид ёд карда намешавад.
Дар ин мақола доир ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки 30 сол пеш Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, омадааст, “Ӯ сулҳу оромиро ба кишвар бозгардонд ва миллати тоҷикро аз нав муттаҳид намуда, давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.”
Мақолаи Рустами Эмомалиро, нашрияи «Садои Мардум» минбари расмии порлумони Тоҷикистон ҳамин ҳафта нашр кардааст. Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва баъдан ба мақоми раиси ҷумҳур расид. Аксари интихоботҳои Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти он аз тарафи ниҳодҳои байнулмилалӣ ношаффоф ва ғайридемократӣ унвон шудаанд.
Соли 2016 бо баргузории як раъйпурсии баҳсбарангез ба Эмомалӣ Раҳмон унвони «пешвои миллат»-ва ин ҳақро доданд, ки метавонад, бе ягон маҳдудият номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кунад.
Ҳукумати ӯро солҳои ахир барои ривоҷ додани шахсиятпарастӣ, ба даст гирифтани тамоми шохаҳои давлат, таъйини наздиконаш ба мақомҳои баланд ва саркӯби дигарандешону мухолифону маҳдуд намудани озодиҳои бунёдии инсон бисёр танқид мекунанд.
Айни замон бархе аз тарафдорон ва мухолифони ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ишора мекунанд, ки мумкин аст, Эмомалӣ Раҳмон ҳамин писараш Рустами Эмомалиро, ки раиси шаҳри Душанбе низ ҳаст, вориси худ эълон кунад. Худи Раҳмон дар ин бора чизе нагуфтааст.