Тоқаев: Миёни эътирозҳои осоишта ва харобкории авбошон фарқ гузоред

Қосимҷомарт Тоқаев ҳангоми суханронӣ дар Алмаато. 16-уми ноябр

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 16- уми ноябр дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Алмаато бори дигар аз ҳодисаҳои хунини моҳи январи он кишвар ёдовар шуда, дар бораи "дасисагарон" ва "ифротиҳо" суҳбат кард.

“Онҳо аз гирдиҳамоиҳои осоишта истифода карданд, то субот дар кишвари моро ба ҳам зананд. Инҷо бояд миёни сабабҳои тазоҳуроти осоишта ва ҳадафҳои тавтеагаронае, ки кушиши табаддулоти давлатиро дар пай доштанд, фарқ гузошт", - изҳор дошт Тоқаев.

Ин суханҳоро президенти Қазоқистон дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Алмато, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз интихоботи пешазмуҳлати президентии он кишвар, сурат гирифт, баён дошт. Вай бори дигар такрор кард, “нерӯҳои харобкоре ҳастанд, ки мехоҳанд дар ҷомеа ҷудоӣ андозанд” ва сокинони Қазоқистон набояд “ошӯбгаронро ситоиш кунанд”.

Ба гуфтаи Тоқаев, дар эътирозҳои осоишта афроде ширкат доштанд, ки даҳсолаҳо аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ранҷ мебурданд. "Аммо унсурҳои ҷиноӣ ангезаҳои дигар доштанд. Онҳо иғвогарон ва роҳзанҳои қаблан омодашударо истифода бурда, эътирозҳои маданиро ба бетартибӣ табдил доданд. Дар натиҷа Алмато ба бесарусомонӣ рӯбарӯ шуд", - афзуд Тоқаев.

Рӯзи 20-уми ноябр дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор мешавад. Дар он шаш нафар, аз ҷумла Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев номзад ҳастанд. Коршиносон мегӯянд, натиҷаи интихобот аз қабл маълум аст.

Фаъолони қазоқистонӣ пештар хабар доданд, ки рӯзи 20-уми ноябр бо талаби баргузор нашудани интихоботи президентӣ ба гирдиҳамоии осоишта мебароянд.