Як сарбози захмии тоҷик дар муноқишаи сарҳадӣ даргузашт

Оқилҷон Одиназода

Оқилҷон Одиназодаи 22-сола, яке аз сарбозони захмии тоҷик дар муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, даргузашт. Ӯро рӯзи 15-уми ноябр дар зодгоҳаш, деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод, дафн кардаанд.

Одиназода баҳори соли 2021 ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста, дар яке аз воҳидҳои низомии нерӯҳои марзбонӣ дар Исфара хидмат мекард.

Ӯ ҳангоми даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳад бо Қирғизистон сахт маҷруҳ шуда, чанд муддат дар бемористони Хуҷанд ва як моҳи охир дар бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ буд.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол дар натиҷаи низоъ дар сарҳади вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо нафар кушта шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон, ки садҳо километр марзи номуайян доранд, якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар ин даргирӣ беш аз 50 нафар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар захмӣ шуданд. Радиои Озодӣ номи бештар аз 80 нафарро ҷамъ овард. Қирғизистон дар бораи 63 кушта ва беш аз 200 захмӣ гузориш дод.