Раҳбари Украина гуфт, барои сулҳ барномаи худро доранд

Владимир Зеленский

Президент Владимир Зеленский гуфт, барои сулҳ дар Украина барномаи худро доранд ва дигар ба муколамаҳои монанд ба чаҳоргонаи Минск нахоҳанд рафт.

Ӯ рӯзи 15-уми ноябр ба таври фосилавӣ ё маҷозӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои “Гурӯҳи 20” иштирок кард.

Зеленский афзуд, Украина ба пешниҳодҳои “муомила бо виҷдон, истиқлол ва тамомияти арзӣ” розӣ намешавад ва агар Русия хоҳони хатми ҷанг аст, бояд инро дар амал нишон диҳад.

Ба гуфтаи раҳбари Украина, барои истиқрори сулҳ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар ҳалли чандин масъала дар канори Украина бошад. Аз ҷумла, ба гуфтааш: “Таъмини амнияти ҳастаӣ, амнияти ғизо ва энержӣ, озод кардани ҳама асирону ихроҷшудаҳо, иҷрои оинномаи СММ дар бораи барқарор кардани тамомияти арзӣ, берун бурдани артиш ва хатми низоъ ва дигарҳо.”

Ҷаласаи сарони кишварҳои “Гурӯҳи 20” ё бист кишвари пешрафтаи ҷаҳон бидуни ҳузури президенти Русия Владимир Путин мегузарад. Ба ҷои ӯ дар ин ҷаласа вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ба Индонезия рафтааст.