Вазири корҳои дохилии Туркия, Сулаймон Сойлу имрӯз дар як изҳороташ ҷангиёни Ҳизби Коргарони Курдистон (ҲКК)-ро дар ҳамлае гунаҳгор кард, ки дирӯз дар як маҳаллаи пуриздиҳоми Истамбул 6 касро куштаву даҳҳо нафарро маҷруҳ намуд.
Сойлу гуфт, ки то ҳол 22 нафарро боздошт кардааст ва яке аз онҳо нафаре мебошад, ки бевосита бомбаро дар хиёбони Истиқлоли Истамбул ҷойгузорӣ карда буд. Сойлу гуфт, ки амру фармоиши анҷоми ин ҳамларо аз шаҳри Кубонии воқеъ дар шимоли Сурия ба даст оварданд. Дар ин кишвар нирӯҳои Туркия давоми чандин сол аст алайҳи Ҳизби коргарони Курдистони Сурия мубориза мебаранд.
Қабл аз ин мақомоти Туркия гуфтанд, ки гумонбари аслии ҳамлаи рӯзи якшанбе як зан будааст ва ӯ низ боздошт шудааст. Мақомоти Туркия гуфтанд, ин ҳодисаи "террористӣ" мебошад.
Туркия дар солҳои 2015-2017 саҳнаи чандин инфиҷори хунин тавассути ДОИШ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи дигар будааст.