Шаш кушта ва даҳҳо захмӣ дар Истанбул. Эрдуғон ҳамлаи "хиёнаткорона" гуфт

Маҳалли ҳодиса. Истанбул, Туркия, 13-уми ноябри 2022

Таркиш дар хиёбони пуриздиҳоми "Истиқлол" дар шаҳри Истанбул, қалби иқтисодии Туркия, шаш кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Ҳодиса рӯзи 13-уми ноябр рӯй дод.

Ҳанӯз сабаби таркиш эълом нашудааст. Видеоҳои нашршуда аз ҷойи ҳодиса саҳнаи боло шудани дудро нишон медиҳад.

Рӯзномаи "Вашингтон Пост" гузориш дод, ки инфиҷор баъд аз зуҳри якшанбе рӯй дода, хиёбони "Истиқлол" холӣ шудааст ва ҳоло ба зери назорати полис даромада.

Нашрияи "Дейли Сабоҳ"-и Туркия навишт, инфиҷор дар хиёбони "Истиқлол", дар қисмати аврупоии Истанбул ва маҳалли гардишгарони хориҷӣ ва ҷойи гаштугузору хариди шаҳрвандон, иттифоқ афтод.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи 13-уми ноябр, пеш аз рафтанаш ба нишасти Гуруҳи 20 (G20) дар Индонезия, таркишро "ҳамлаи хиёнаткорона" донист ва гуфт, сабабгоронаш ҷазо хоҳанд гирифт.

Ба иттилои Эрдуғон, дар таркиши бомба 6 нафар кушта шудаанд. "Чаҳор нафар дар ҷойи ҳодиса ва ду кас дар бемористон ба ҳалокат расиданд," -- гуфт ӯ ва аз қавли волии Истанбул афзуд, "53 нафари дигар захмӣ шудаанд".

Туркия дар солҳои 2015-2017 саҳнаи чандин инфиҷори хунин тавассути ДОИШ ва гуруҳҳои мусаллаҳи дигар будааст.