Ҳукми як зан барои куштани хушдоманаш дар Хатлон

Додгоҳи вилояти Хатлон як занро ба гуноҳи куштани хушдоманаш ба 18 солу 6 моҳ зиндон маҳкум кардааст.

Ҳукм охири моҳи сентябри имсол содир шуда, Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр ҷузъиёташро ифшо намуд.

Масъулони Додситонӣ навиштанд, Миҷгона Бегматова аз деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон моҳи майи имсол “ҳамроҳи дугонааш Мадина Нурмаҳмадзода” хушдоманашро куштаву “пулу телефони ӯро рабудаанд”.

Мадина Нурмаҳмадзода ба 17 солу 6 моҳ зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст. Назари пайвандон ва ё вакили мудофеи онҳо ба ҳукм маълум нест.

Муфаттишон гуфтаанд, Миҷгона Бегматова се кӯдак дошта, ҳангоми дар Русия будани шавҳар дар хонаи хусуру хушдоман мезист. Ба иттилои манбаъ, байни онҳо пайваста муноқиша рӯй дода, сабаби куштор шудааст. Ин изҳороти расмист ва тасдиқи он аз манобеи мустақил феълан имкон надорад.

Тайи солҳои охир хабари кушта шудани баъзе аъзои оила ба дасти якдигар ва ё ба худкушӣ расондани онҳо дар Тоҷикистон зуд-зуд расонаӣ мешавад.

Мақомот ҳамеша онро ҳосили муноқишаҳои хонаводагӣ гуфтаанд. Дигарон натиҷаи бекорӣ, муҳоҷирати дурудароз ва мушкили иқтисодӣ медонанд.