"Ба мо вазъро ба таври дигар тасвир мекарданд"
Ин сарбозон ба наздикон шикоят кардаанд, ки ба танҳоӣ ва бе раҳнамоии ягон афсару фармондеҳ ва силоҳу муҳимоти зарурӣ дар хати пеши ҷанг қарор доранд. Ба нақли сафарбаршудаҳо, фармондеҳон барои саркашӣ аз ҷанг онҳоро ба зиндон таҳдид мекунанд ва дар таҳхона мебанданд.
Алексей Арсютини 31-сола то эълони "мобилизатсия" мудири тарабхонаи “KFC” дар яке аз деҳаҳои наздик ба Маскав буд. Рӯзи 25-уми сентябри имсол даъватнома гирифт ва ба қисми ҳарбӣ рафт.
Хоҳараш, Екатерина Арсютина, мегӯяд, “ӯ дар даст фақат як борхалта ва ҳуҷҷат дошт. Рӯйхати чизҳое, ки барояш зарур буд, навиштанд, мо харидем.”
Хонавода барои Алексей Арсютин пояфзолу таҳпӯш ва либоси гарм гирифтаанд. Ӯ ҳамон лаҳза ба як қисми ҳарбӣ дар Наро-Фоминск бурда шуд. Ба наздиконаш нақл кардааст, ки бе ягон тамрин ба Валуйк ва баъдан ба вилояти Белгороду аз онҷо ба Украина, ба вилояти Луҳанск, рафтанд.
“Тавассути телевизион вазъро ба мо ба таври дигар тасвир мекарданд. Мегуфтанд, ба хати сеюми ҷанг, ба шаҳрҳои озодшуда сафарбар мешаванд, вале фармондеҳон бе обу ғизо гузоштаанд,” – мегӯяд Екатерина, хоҳари Алексей.
Алексей Арсютин зери тирборони низомиёни украинӣ мондааст. Нерӯҳои иловагии Русия ба наздиконашон гуфтаанд, ҷанги онҳо 3 рӯз давом кард ва «дар ин задухӯрд беш аз 500 сарбоз кушта шуданд.»
"Онҳоро барои ақибнишинӣ таҳдид карданд"
Алла Петровна, модари яке аз ҷавононе, ки бо эълони «мобилизатсия» ба ҷанг бурда шудааст, мегӯяд, писараш фирор кард. «Намедонистанд, ки онҳоро ба куҷо бурдаанд ва бояд чӣ кор кунанд,» -- афзудааст ӯ.
Андрей Марчук, корманди ширкати масолеҳи сохтмонӣ дар Тучкови вилояти Маскавро баъди берун омадан аз коргоҳаш якбора ба Наро-Фоминск бурдаанд. Ӯ ҳам мисли Арсютин, тавонист, аз тирборон наҷот ёбад. Ҳардуяшон дигар ҷангидан намехоҳанд.
Баъди огоҳ шудан аз вазъи онҳо, пайвандонашон сару садои баланд кардаву талаб карданд, баргардонида шаванд.
«Мо тавонистем, ин корро кунем. Онҳоро бо мошини борбар ба як қисми ҳарбӣ, воқеъ дар ҳудуди Русия, оварданд. Вақте боз ба қисми ҳарбии Белгород бурданд, мавриди фишори сахт қарор гирифтанд. Фармондеҳон онҳоро мурғ номида, таҳқир кардаанд. Сабаб ин буд, ки ақибнишинӣ карданд,” - нақл кард Екатерина, хоҳари Алексей Арсютин.
Баъдан, бино ба нақли наздикони сарбозон, низомиёни рус талош кардаанд, сарбозони саркашро бо зӯр ба ҷанг баргардонанд. Онҳоро ба зиндон таҳдид ва таҳқир мекарданд.
Ба гуфтаи пайвандон, нисбати Арсютин ва Марчук, ки зидди ҷанг бештар эътироз мекардаанд, муносибати бераҳмона раво дида мешавад. Онҳоро дигарбора ба вилояти Луҳанск бурдаанд. Хонаводаҳояшон танҳо пас аз як ҳафта огоҳ шуданд.
"Сарнавишти баъдии ҷавонон маълум нест"
“Бародарам тамос гирифт ва гуфт, ки онҳо дар таҳхонае дар Зайтсев буданд. Онҳоро як рӯз дар таҳхона нигоҳ дошта, маҷбур карданд, дар навор бигӯянд, ки дар ҷанг ширкат намекунанд. Ҳоло бо ин видео онҳоро ба саркашӣ аз амри мақомот таҳдид мекунанд. Дар Зайтсев ба гуфтаи бародарам 250 нафаре нигаҳ дошта мешаванд, ки зидди ширкат дар ҷанг ҳастанд. Онҳо дар асоратанд. Дар асорати русҳо,” – афзуд Екатерина Белова.
Ба Алла Петровна ҳам, писараш аз ноҳияи Троитскийи Луҳанск занг зада гуфтааст, онҳоро дар як чоҳе нигоҳ медоранд, ки ҳеч шароит надорад. Дар онҷо мардонеро ҷамъ овардаанд, ки ҷангидан намехоҳанд.
Ба нақли Анастасия Дутова, ҳамсари яке аз низомиёни рус, шавҳари ӯ то ҳанӯз зери тирборон қарор дорад ва интизор аст, ки кай аз он ҷо берун бароварда мешавад.
“Дар байнашон теъдоди захмиён зиёд аст. Беморон ҳам кам нестанд. Баъзе аз бачаҳаро бароварданд, онҳо дар ҷойи бехатаранд. Бояд пайвандони мо ҳам бароварда шаванд. Мо намегӯем, ки онҳоро ба хона биёранд. Ҳадди ақал онҳоеро, ки захмӣ шудаанд, ба ягон ҷойи амн бояд баранд,” – гуфт ӯ.
Дутова ба нақл аз шавҳараш мегӯяд, фармондеҳон афроди мобилизатсияшударо таҳқиру истеҳзо мекунанд. Онҳое, ки аз ҷанг саркашӣ ва ақибнишинӣ мекунанд, мавриди фишору хандахариш қарор мегиранд.
“Рӯзи 3-юм, сарбозонро ба ҷанг фиристодаанд. 7 ҷавон ақиб гаштанд. Фармондеҳ либосашонро кашида, дасту пояшонро баста, дар баданашон салиб кашидаву ба пешониашон силоҳ гузоштааст. Сарнавишти баъдии ин ҷавонон маълум нест,” – гуфт Дутова, ҳамсари яке аз сарбозоне, ки маҷбурӣ ба ҷанг бурда шудааст.