Радиои Озодӣ: Яке аз аввалин аъзои ансамбли “Гулшан” ҳастед. Чаро дар Тоҷикистони Шӯравӣ гуруҳе мисли «Гулшан» пайдо нашуд?
Тамара Катаева: "Медонед, соли 1969 ансамбли “Гулшан” яке аз пешқадамтарин гуруҳҳои ҳунарӣ буд. Дар Гурҷистон “Аэро” буд, дар дигар ҷо “Ялла”, лекин ансамбли “Гулшан” хеле пешқадам ва машҳур буд. Хушбахтам, ки ду даъфа дар ҳайати “Гулшан” дар фестивалҳои хориҷӣ ҳунарнамоӣ кардаам. Вақте маро ба “Гулшан” пазируфтанд, он вақт ин оркестр буд ва тақрибан баъд аз ним сол дар сохтори Кумитаи радио ва телевизион ба ансамбли “Гулшан” табдил доданд."
Радиои Озодӣ: Он солҳо дар масъалаи интихоби матну суруд кор чӣ хел буд - худатон интихоб мекардед, ё ба шумо меоварданду раҳбарият тасдиқ мекард? Чун мегӯянд, он солҳо озодии интихоби суруду оҳанг набуд?
Тамара Катаева: "Албатта, он солҳо мо «Худсовет» (Шӯрои бадеӣ) доштем. Ҳар шоире, ки шеърашро ба мо меовард, ҳамроҳи бастакор меомад. Аз мо мепурсиданд, ки ин шеър ба шумо маъқул аст ё не? Баъдан, месанҷиданд, ки мо ин шеърро дуруст хонда метавонем, ё не. Танҳо баъд иҷозат медоданд, ки мо онро иҷро кунем. Ҳоло бошад, на «Худсовет» ҳасту на дигар монеае. Чизе ки хостед, ҳамонро мехонед. Ба фикри ман, ҳамон усули аввалин беҳтар аст, зеро матнҳои беҳтарин интихоб мешуд. На он тавре, ки ҳоло аст. Ба ман ҳамон сурудҳои қадимӣ бештар маъқуланд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Вале, агар муқоиса кунед, сатҳи овозхони эстрадӣ он солҳо беҳтар буд ё ҳоло?
Тамара Катаева: “Ҳоло овозхонии писари Кароматулло Қурбонов бо хоҳараш ба ман писанд аст. Медонам, Шабнами Сурайё хуб мехонад. Таҳмина Ниёзова низ сурудҳои хуб дорад. Далер Назаров сурудҳои хеле хубе дорад, ки дар ҳама ҷо машҳур аст. Ҳарчанд мо дар Амрико зиндагӣ мекунем, мебинем, ки дар Тоҷикистон кадом ҳунарманди хубе пайдо мешавад. Мо фарзанди Тоҷикистон ҳастем ва ҳунари ман дар ҳамин ҷо пайдо шудааст.”
Радиои Озодӣ: Медонем, якҷо бо ҳамсаратон Борис Катаев дар Амрико муассиси театри яҳудиёни Бухоро ҳастед. Ҳамчунин бештар ба оҳангҳои мардумии тоҷикӣ таваҷҷуҳ доред.
Тамара Катаева: “Ҳадафи асосии ҳунармандиам дар Амрико ҳифзи забони тоҷикӣ аст, мехостем, ки забон гум нашавад. Агар, дар хотир дошта бошед, ҳунарманде буд бо номи Туҳфахон Пинхасова. Қабл аз фавт гуфт, ки касе дигар намонда ва ин ҳунарро бояд идома диҳед. Ҳоло як ансамбли занонаро роҳбарӣ мекунам, бо доираву рубоб таронасароӣ мекунанд. Дар гузашта дар Тоҷикистон гуруҳи занони рубобнавоз буд ва гуруҳи мо низ ба он монандӣ дорад."
Радиои Озодӣ: Мехостем дар бораи оилаатон иттилоъ диҳед, оё забони тоҷикиро медонанд?
Тамара Катаева: “Шукри Худо, чор фарзанд дорем, се духтар ва як писар ва ҳамаашон забони тоҷикиро хуб медонанд. Ҳарчанд ҳамаи онҳо ба забони англисӣ таҳсил карданд, дар хона ҳама ба забони тоҷикӣ гап мезанем. Агар ҳамроҳи шавҳарам хостем, ки фарзандон аз гапи мо бохабар нашаванд, ба забони узбекӣ ҳарф мезанем. Духтарам, ки ҳанӯз шавҳар накарда буд, дар ансамбли Малика Қаландарова мерақсид, наберае дорам, ки ҳамаи сурудҳои мақомро иҷро мекунад. Ҳоло чордаҳсола аст. Дар Амрико Академияи Шашмақом дорем, ки роҳбараш Эзро Малаков мебошанд."
Радиои Озодӣ: Дар ин академия фарзандони тоҷикон зиёд мехонанд?
Тамара Катаева: "Аз Тоҷикистон ҳам зиёд аст, аз Тошканду Самарқанд ҳам. Ҳоло тоҷикистониҳо зиёд барои истиқомат ба Амрико меоянд ва фарзандони онҳо ҳам меоянд. Бештарашон мехоҳанд, ки фарзандонашон Шашмақомро донанд ва аз ёдашон набароранд. Зеро, миллате, ки забону урфу одати худро гум мекунад, вай дигар миллат ҳисоб намешавад. Барои ҳамин кӯшиш мекунем, ки фарзандон на танҳо забони англисиро донанд, балки забони тоҷикиву урфу одати тоҷикӣ ва худамонро ҳам донанд."