"Оё шоистаи намояндагӣ ҳастед?" Ҳимояти як рӯҳонӣ аз норозиён ва танқидаш аз вакилон

Мавлавӣ Абдулҳамид, рӯҳонии шинохтаи аҳли суннат дар Эрон

Мавлавӣ Абдулҳамид, рӯҳонии шинохтаи аҳли суннат дар Эрон, мақомоти ин кишварро барои пешниҳоди эъдоми эътирозгарони боздоштшуда сахт танқид кард.

Пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола, ки бо гумони “бадҳиҷобӣ” дастгир шуда буд, наздик ба ду моҳ боз дар шаҳрҳои гуногуни Эрон эътироз ҷараён дорад. Норозиён ба зидди раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ шиор медиҳанд ва хоҳони тағйири низом ҳастанд.

Рӯзи 9-уми ноябр 227 вакили маҷлиси Шӯрои исломии Эрон эътирозгаронро “пархошгар” номида, аз додгоҳ хостанд, ба онҳое, ки боздошт шудаанд, ҳукми қатл бидиҳанд.

Дар изҳороте вакилон эътирозгарони эрониро ба “ДОИШ” монанд карданд, ки бо силоҳҳои гуногун “ба ҷону моли мардум ҳамла мекунанд". Дар ин маҷлис микрофони як вакили аҳли суннат, ки мехост, эътироз кунад, хомӯш карда шуд.

Мавлавӣ Абдулҳамид рӯзи 11-уми ноябр дар хутбаи намози ҷумъа гуфт, эътирозгарон дар Эрон аз қавму мазҳабҳои гуногуни кишвар ҳастанд ва мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бояд ба садои онҳо гӯш бидиҳанд.

Ӯ хитоб ба вакилон гуфт, “Шумо бояд тарғиб кунед, ки ҳарфи мардум шунида шавад. Шумо бояд аз мардум дифоъ кунед, ки бо гулӯла кушта нашаванд.”

Мақомоти Эрон ҳангоми саркӯби тазоҳуроти ду моҳи охир беш аз сад эътирозгарро куштаанд.

Имоми намози ҷумъаи аҳли суннат дар Зоҳидон ба вакилон гуфт, “Шумо ба ҷои пуштибонӣ аз боздоштшудаҳо ва дифоъ аз ҳаққи мардум, нома менависед, то онҳоро қатл кунанд.”

“Оё шоистаи намояндагии миллат ҳастед? Оё порлумонҳои дигар кишварҳои дунё ин корро мекунанд, ки Шумо кардед?” – пурсид ӯ.

Қарори вакилони эронӣ нигарониҳоро аз сарнавишти эътирозгарони боздоштшуда ба миён овардааст. Мақомоти Эрон ҳанӯз эълон накарданд, ки чанд эътирозгарро боздошт кардаанд, вале гуфтаанд, нисбат ба онҳо беш аз ҳазор айбнома содир шуда.

Бархеи онҳо ба “ҷангҷӯӣ” муттаҳам мешаванд, ки эҳтимол нисбаташон ҳукми қатл содир шавад. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ аз ин вазъ нигаронӣ кардаанд.

Эътирозгарон алайҳи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шиор медиҳанд, ки бесобиқа аст. Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, дар як суханрониаш ба мақомот гуфт, аз тазоҳурот нигарон набошанд ва сиёсатҳои пешинаи худро идома диҳанд.

Мавлавӣ Абдулҳамид, ки аз маъруфтарин рӯҳонии аҳли суннат дар Эрон аст, аз оғози эътирозҳо ба тарафдорӣ аз сокинон суҳбат мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Рӯҳонии аҳли суннат дар Эрон аз эътирозгарон пуштибонӣ кард"Кӣ инҳоро ба қатл расонд ва чаро?" Интиқоди Мавлавӣ Абдулҳамид аз раҳбари Эрон. ВИДЕОҶумъаи хунин. Ҳафтаи гузашта дар Зоҳидон чӣ рух дод?Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннат дар Эрон, аз "Толибон" пуштибонӣ кардаастМулоқоти сафири Тоҷикистон бо имоми аҳли суннати Зоҳидон. Ду ҷониб чӣ гуфтанд?