Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо имоми аҳли суннати Зоҳидон. Ду ҷониб чӣ гуфтанд?


Мавлавӣ Абдулҳамид.
Мавлавӣ Абдулҳамид.

Бино ба гузориши расонаҳои Эрон, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 1-уми январ бо Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми ҷумъаи масҷиди Макии аҳли суннати Зоҳидон ва донишҷӯёни тоҷик дар ҳавзаи илмии Зоҳидон, мулоқот кардааст.

Хабаргузории расмии ИРНА аз қавли Зоҳидӣ навишт, "Тоҷикистон ният дорад заминаи қонунии ҳузури шаҳрвандонашро дар кишварҳои дигар, ки дар ҳоли таҳсил ҳастанд, фароҳам кунад".

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот хабар надодаанд. ИРНА ба нақл аз сафири Тоҷикистон навишт, "донишҷӯён бояд ба сафорати кишвар муроҷиат кунанд, то ҳузури қонунии онҳо фароҳам карда шавад, ё барои идомаи таҳсил ба ватани худ баргарданд. Агар ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон қонунӣ шавад, барои мо ва ҳам барои кишвари мизбон бе зарар хоҳад буд".

Низомиддин Зоҳидӣ изҳор доштааст, "бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Арабистон таҳсил мекарданд, ҳангоме ба кишвар бозгаштанд, одоб ва русуму ахлоқ ва рафтори ва ҳатто тарзи намоз хондан ва ибодаташон тағйир карда буд". Хабаргузории ИРНА навишт, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон аз Мавлавӣ Абдулҳамид хостааст, номи шаҳрвандони кишварро, ки дар ҳавзаи илмии Зоҳидон машғули таҳсил ҳастанд, эълон кунад.

Вай бо ишора ба мушкилоти ҷаҳони ислом гуфтааст, "мутаассифона, бархе аз кишварҳо аз номи ислом барои расидан ба мақсади худашон суистифода мекунанд". Мавлавӣ Абдулҳамид гуфтааст, ҳеч гоҳ иҷоза надодаанд, ки ифротгароӣ дар байни мардум нуфуз пайдо кунад.

Ӯ гуфтааст, "дар ҳавзаҳои илмии аҳли суннати Зоҳидон 20 шаҳрванди Тоҷикистон машғули таҳсили улуми қуръонӣ ҳастанд". Ба гуфтаи ӯ, ба ҷараёнҳои ифротие, ки дар Ироқ ва Сурия фаъолият мекарданд, ҳатто як нафар ҳам аз донишомӯхтагони Ҳавзаи илмии Дор-ул-улуми Зоҳидон напайвастааст.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2010 барои баргардондани донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ шуруъ карданд. Мақомот гуфтанд, аксари ин афрод ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд ва баъзе аз онҳо ба саффи гуруҳҳои ифротӣ шомил шудаанд. Донишомӯзон ва пйавандонашон чунин иддаоро рад мекунанд. Ҳоло ҳар довталаби таҳсил дар мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ бояд аз Кумитаи дин ва идораҳои дигари давлатии Тоҷикистон иҷозаи расмӣ бигирад.

XS
SM
MD
LG