Идомаи пешрафти нерӯҳои Украина ба самти Херсон

Херсон, Украина, 10-уми ноябри 2022

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 11-уми ноябр гуфт, пешрафти нерӯҳои ин кишвар дар самти шаҳри Херсон идома дорад.

Як рӯз пеш аз он артиши Русия ба берун кашидани нерӯҳояш аз ин шаҳр оғоз карда, мавқеъҳояшро дар соҳили рӯди Днепр таҳким бахшид.

Херсон бо роҳи заминӣ ба нимҷазираи аз тарафи Русия ишғолшудаи Қрим пайваст аст.

Ситоди кулли нерӯҳои Украина мегӯяд, сарбозони Русия ҳангоми беруншавӣ аз Херсон хонаҳоро ғорат ва инфрасохторҳои муҳимро вайрон карда, сокинони маҳаллаҳои зери назораташонро маҷбуран аз хона берун мекашанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский шоми 10-уми ноябр гуфт, нерӯҳои кишвараш дар ҷануб 41 минтақаро аз таҷовузгарон пок кардаанд.

Тибқи иттилои мақомдорони маҳаллӣ, субҳи 11-уми ноябр бар асари мушакборони Русия дар шаҳри ҷанубии Миколаев камаш ду нафар кушта шудаанд.